Аз 16 август ҳаракати қатораи роҳи оҳан байни Тоҷикистону Русия оғоз мегардад. Аввалин қатора аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгоград раҳсипор мешавад, хабар дод, имрӯз, 5 август зимни нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Вазир хотиррасон намуд, ки қатора аз Душанбе ба Волгоград рӯзи 27 август ва аз Хуҷанд - 7 сентябр ба роҳ мебарояд.
“Нархи билетҳо ҳоло муайян карда нашудааст, лекин кор рӯйи ин масъала идома дошта, нарх рӯзҳои наздик маълум мешавад. Итминон дода метавонам, ки он барои мусофирон дастрас хоҳад буд”, - иброз дошт вазир.
Қобили зикр аст, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, нархи билети қатора аз Душанбе ба Волгорад аз 1 ҳазору 400 то 1 ҳазору 500 сомониро ташкил хоҳад дод.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Хадамоти бехатарӣ дар қатораҳои қитъаи Хатлони Роҳи оҳани Тоҷикистон Зоиршо Файзуллоев изҳори назар кард.
То дубора барқарор шудани равуои қатораҳо тариқи оҳан байни Тоҷикистон ва Русия каме зиёдтар аз 10 рӯз вақт боқӣ монд. Лекин нархи билет ва бисёр ҷузъиёти дигари сафар тариқи хатсайрҳо ҳоло маълум нест.
Дар сомонаи “Российские железные дороги” дар бораи барқарор шудани хатсайри роҳи оҳан бо Тоҷикистон маълумот дода шуда, лекин дар ин ҷо ҳам нархи билетҳо зикр нашудааст.
Ҳангоми ҷустуҷӯи онлайни билетҳо ба хатсайрҳои роҳи оҳан аз Руия ба Тоҷикистон, хадамоти онлайнӣ маълумот медиҳанд, ки чунин хатсайрҳо нестанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Тоҷикистон ва Русия аз 17 марти соли 2020 дар робита ба паҳнҳавии коронавирус қатъ шуда буд.