Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки дар натиҷаи фурӯ рехтани куҳпора 2 рӯз боз баста буд, зуҳри имрӯз, 23-юми декабр боз шуда, ҳаракати мошинҳо ба ин масир барқарор шудааст. Дар ин бора аз қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (КҲФ) ба “Азия-Плюс” хабар дорданд.
Қаблан, КҲФ иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора дар километри 76,6 шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт роҳ муваққатан баста шуда, “ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи навсохташуда ба роҳ монда шудааст”.
Ба иттилои ин ниҳод ҳодиса рӯзи 20-уми декабр рух дода, баландии кӯҳпора 10 метр ва паҳнои он 100-120 метр мебошад.
КҲФ гуфта буд, ки дар мавзеи ҳодиса 2 техникаи Вазорати нақлиёт кор карда истодаанд.
“Тарқиши кӯҳ дар баландии 150 метр аз қисмати шимолии мавзеи мазкур низ ба амал омадааст, ки дар оянда ба поён лағжиданаш аз эҳтимол дур нест”, -ҳушдор додааст КҲФ.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки аз 20 то 22-юми декабр дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Суғд, аз ҷумла, километрҳои 46-ум ва 84-уми роҳи мошингарди Душанбе–Чаноқ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон хатари фаромадани тарма ва яхбандӣ вуҷуд дорад.
Ин ниҳод ба шаҳрвандон тавсия дод, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ кунанд. Ҳамчунин, аз ронандагон дархост шудааст, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва қитъаҳои роҳҳое, ки хатар фаромадани тарма он ҷо вуҷуд дорад, фосилаи ҳаракатро риоя кунанд.
Нуқтаи обтақсимкунии “Головной”. Тоҷикистону Қирғизистон онро чӣ гуна тақсим карданд?
“Рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия чист ва барои аз он берун кардани ном чӣ бояд кард?
Қитъаи роҳе, ки Қирғизистон аз Тоҷикистон ба иҷора гирифта буд, мақоми бетараф мегирад
Қурби рубл боло меравад. Кадом омил боиси тақвияти қурби пули Русия гардид?
Дар Душанбе барои сохтмони метро мутахассис омода мекунанд
“Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд”. Муфтии Тоҷикистон гуфт, кӣ метавонад рӯза нагирад
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон. Аз оғоз то имрӯз
Азим Байзоев, яке аз мубаллиғони омӯзиши забони тоҷикӣ, даргузашт
Як созмони байналмилалӣ ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимоваро маҳкум карда, озодиашро талаб намуд
Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста