ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ҳисоботи мониторинги “Риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон”-ро нашр кард. Дар он ба қисмҳои ҳарбие, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ ва душворгузари кишвар ҷойгир шудаанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Ба сарбозон дар бораи тамаъҷӯии, хӯрок, ҳуқуқу озодиҳои сарбоз ва ғайра саволҳо дода шудаанд.
Чунин мониторинг (пайгирӣ) ҳамасола гузаронида мешавад. Аз соли 2014 то соли 2024 он дар 41 қисми ҳарбӣ баргузор шудааст. Имсол он дар 4 қисми ҳарбӣ: ноҳияи Ишкошим ва шаҳри Хоруғи ВМКб, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни мониторинг 40 нафар наваскарон, инчунин намояндагони раҳбарияти қисми ҳарбӣ изҳори назар кардаанд.
Ба ҳайати гурӯҳи баргузории мониторинг 2 намояндаи ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва 2 намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шомил шудаанд. Ба ҷуз намояндагони гурӯҳ, зимни суҳбат шахсони бегона ҳузур надоштаанд.
Тамаъҷӯӣ нест, қуттиҳои арзу шикоят маҳкаманд
Ба сарбозон дар бораи муносибатҳо дар қисми ҳарбӣ саволҳо дода шуданд. Онҳо ба ҳолатҳои зӯроварӣ ва таҳқир байни хизматчиёни ҳарбӣ ва афсарон, тамаъҷӯии маблағи пулӣ ва хӯрок, худсарона рафтан аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, ҷалби сарбозон ба кори ба хизмати ҳарбӣ вобастанабуда ва ғайра дахл доштанд.
Ба гуфтаи сарбозон, дар қисмҳои ҳарбии онҳо ҳолатҳои тамаъҷӯии пул ҷой надошта, маош барои худ ва хариди воситаҳои гигиенӣ сарф мешавад. Ба гуфтаи онҳо, ҳолатҳои гурехтан ҳам аз қисми ҳарбӣ набуд.
Ба сарбозон ҳамчунин дар бораи тартиби пешниҳоди арзу шикоят дар мавридҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ ё дигар фишору маҳдудиятҳо саволҳо дода шуданд. Ба саволи «Оё сарбозон тартиби шикоят овардан аз болои ҳолати вайронкунии ҳуқуқҳоро онҳо медонанд?», 40 нафар сарбозон чунин посух доданд: 18 нафар - медонанд, 4 нафар намедонанд ва 1 нафари боқимонда - медонам, вале номбар карда натвонистанд.
“Аз қуттии арзу шикоят танҳо 5 нафар ёдовар шуданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин қисмҳои ҳарбӣ тарзи пешниҳоди шикоят дар ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва дигар нақзи қонунҳо ба таври кофӣ омӯзонида намешавад.
Ба ақидаи муаллифони ҳисобот, ба таъмин намудани қуттиҳои арзу шикоят мебояд диққати ҷиддӣ дод, чунки дар як қисми ҳарбӣ қуттиҳо умуман набуданд, аммо пас аз эроди намояндагони гуруҳи мониторингӣ, қуттиҳо дастрас гашта, насб карда шуданд. Инчунин, калид аз қуттиҳо бояд дар дасти шахсони манфиатдор, яъне афсарони қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта нашавад.
Тавре ки маълум шуд, дар 3 қисми ҳарбӣ қуттиҳои арзу шикоятҳо дар ҷойҳои намоён ҷойгир ва ба объективи камераҳои мушоҳидавӣ дастрас буданд. Аз 4 (чор) қисми ҳарбӣ танҳо дар яктои онҳо қуттиҳои арзу шикоятҳо бо пломбаи махсус пӯшида шуда буданд. Дар боқимонда қисмҳои ҳарбӣ қуттиҳои арзу шикоятҳо бо қулфи хурд маҳкам шуда буданд ва ба суоли аъзоҳои гурӯҳи мониторингӣ, ки калиди он қуттиҳо дар дасти кӣ нигаҳ дошта мешаванд, посухи саҳеҳ дода нашуд.
Дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ афсарон гуфтанд, ки калиди қуттии арзу шикоятҳо дар дасти командири қисми ҳарбӣ мебошад.
“Қуттиҳо ҳастанд, онро прокуратура мекушояд, истифода аз онҳо бо зикри номи азиятдиҳандагони худ бехавф ва барои сарбозон самаровар нест. Ба назари мо, мушкили аслӣ ин ҷо дар он аст, ки аввал сарбозон барои арзу шикоят телефони мобилӣ надоранд ва дуюм, низоми бехатари занг задан нест. Аз ин рӯ, тартиби арзу шикоят дар мо умуман самаранок нест”, - мегӯяд ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова.
Сарбозон ҳуқуқҳои худро медонанд?
Мутахассисони мониторинг зикр мекунанд, ки хизматчиёни ҳарбӣ бояд аз ҳуқуқу озодиҳои худ огаҳ бошанд.
Аз 40 сарбози пурсидашуда 2 нафар изҳор доштанд, ки ҳуқуқҳои худро намедонанд ва 38 нафар посух доданд, ки аз ҳуқуқҳои худ огаҳанд. Вале вақте аз сарбозон пурсиданд, ки онҳоро номбар кунанд, онҳо 1-2 ҳуқуқро, аз ҷумла 12 нафар ҳуқуқ ба рухсатӣ, 19 нафар - ҳуқуқ ба истироҳат, 13 нафар - ҳуқуқ ба табобат, 4 нафар - ҳуқуқ ба ҳимояи шаъну шараф, 11 нафар - ҳуқуқ ба маош, 13 нафар - ҳуқуқ ба озодии баён ва 10 нафар - ҳуқуқ ба таълимро зикр карданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва пешниҳоди арзу шикоятро ҳеҷ касе аз сарбозон номбар накард.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва пешниҳоди арзу шикоятро ҳеҷ касе аз сарбозон номбар накард.
Ба қавли Дилрабо Самадова, бо вуҷуди ин, пешравиҳо ба самти мусбат ба мушоҳида мерасанд.
“Қаблан вақте ки мо аз ҳуқуқҳо мепурсидем, сарбозон асосан уҳдадориҳояшонро номбар мекарданд: донистани оиннома, итоат ба амру фармонҳои командир, сарулибоси тозаву озода дар бар доштан ва ғайра. Акун онҳо дар бораи ҳуқуқҳо ба хӯрок, истироҳат, робита бо оила, зангҳои телефонӣ, муроҷиат ба духтур ва дар умум бобати сатҳи шоистаи зиндагӣ ҳарф мезананд. Ин хеле хурсандиовар аст”, - мегӯяд ӯ.
Илова бар ин, имсол теъдоди хизматчиёни ҳарбии дорои маълумготи олӣ зиёд шуда, он ба коҳиши ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ таъсир расонид ва сифати хидмати ҳарбиро беҳтар карда, сатҳи тахассусии хизматчиёни ҳарбиро низ баланд кард.
Дар ҳисоботи мониторинг зикр мешавад, ки барои муқоиса, агар дар соли 2021 аз 58 нафар сарбоз ҳамагӣ 6 нафар маълумоти олӣ доштанд, пас аз дар соли 2024 аз 40 нафар хизматчиёни ҳарбӣ 17 нафар маълумот олӣ доранд.
Хӯрок бомаззаву ёрии тиббӣ ҳам хуб аст
Гурӯҳи мониторинг натанҳо огаҳии сарбозон аз ҳуқуқҳои худ, балки шароити будубоши онҳоро низ санҷид. Мувофиқи Оинномаи умумии ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ бояд дар як ҳафта як маротиба аз муоина гузарад. Дар вақти муоина натанҳо солимии сарбоз санҷида мешавад, балки аз ҳолатҳои ҷароҳату захм бардоштан тадбирҳои пешгирӣ гузаронида мешавад. Аммо зимни пурсиши сарбозон на ҳамаи онҳо посух доданд, ки духтур муоинаи шахсӣ гузаронидааст.
Дар робита ба ёрии тиббӣ ҳамаи пурсидашудагон аз фаъолияти муассисаи тиббӣ дар қисми ҳарбиашон огаҳанд ва касоне, ки аз он истифода бурдаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳангоми пурсиш сарбозон сифати хӯрокро ҳамчун бомазза ва серғизо баҳогузорӣ намуданд. Бу гуфтаи онҳо, хӯрок аз сабзавоту гӯшт, маҳсулоти ширӣ (шӯлаи ширӣ 1-2 маротиба дар 1 ҳафта), меваи тару тоза (1-2 маротиба дар 1 ҳафта), гӯшти моҳӣ (дар миқдори кам) иборат аст.
Дар мавриди сарулибос дар чор қисми ҳарбӣ маълум шуд, ки низомиён бо тамоми чизҳои зарурӣ таъминанд. Аммо дар ду қисми ҳарбӣ барои машғул шудан ба варзиш ҳангоми борон ва барф шароит нест.
Ҳамчунин маълум шудааст, ки қонунгузории мавҷуда, бахусус санад ва оинномаҳои дохилии хидмати ҳарбӣ ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқат намекунанд. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои сарбозон ва афсарони боздоштшуда дар боздоштгоҳҳои интизомӣ ва тафтишотӣ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодии шахсӣ мувофиқат надоранд.
Ба сурати умум, қонунгузорӣ раванди даъват ба хидмати ҳарбиро танзим мекунад ва ҳангоми иҷрои дурусти он риояи ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Сабаби асосии вайроншавии ҳуқуқҳо иҷрои нодурусти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор мебошад.
Доимо баргузор нашудани мониторинги мустақил, таваҷҷуҳ ва назорати начандон зиёд аз ҷониби муассисаҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳтимолияти вайрон кардани ҳуқуқҳои инсонро зиёд мекунад.
Дар натиҷа муаллифони мониторинг баъзе тавсияҳоро пешниҳод карданд ва ба гуфтаи Самадова, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ эродҳои коршиносонро ба инобат мегиранд.
"Аз рӯи тамоми қонуншиканиҳои ошкоршуда ва ҷавобҳои норӯшани сарбозон, мо фавран ба фармондеҳон (командирҳо) муроҷиат мекунем. Хурсандиовар аст, ки аксаран онҳо фавран дар ҷояш мушкилро ҳал мекунанд ё ҷавобҳои асоснок медиҳанд, ё каме дертар хабар медиҳанд, ки мушкил баратараф шудааст", - мегӯяд Дилрабо Самадова.