Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ) 6 узви худро ҳамчун номзад ба вакилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025 пешбарӣ кардааст.
Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода, навиштааст, ки номзадҳои ин ҳизб ба интихоботи парлумонӣ дар анҷумани охири ҲСТ, ки рӯзи 21-уми декабр дар бинои Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Душанбе баргузор гардид, пешниҳод шудаанд.
- Ғулом Ҳалимзода, раиси ҲСТ,
- Муртазо Аҳмадзода, муовини якуми раиси ҲСТ,
- Давлатхонум Саидошурова ва Меҳринисо Раҷабова, муовинони дигари раиси ҲСТ,
- Маъруф Юсупов, раиси ҲСТ дар вилояти Суғд,
- Майсара Аброқулова, муовини раиси ҲСТ дар шаҳри Душанбе.
Бояд гуфт, ҲСТ дар парлумони кишвар ҳоло танҳо як курсӣ дорад, ки соҳиби он Абдуҳалим Ғаффоров, собиқ раиси ин ҳизб аст. Ӯ аз соли 2004 то моҳи июли ҳамин сол раиси ҳизб буд ва дар се интихоботи президентии ахир дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ вориди рақобат шуда, ҳамеша мағлуб гардидааст. Аммо Ғаффоров 23-июл дар як анҷумани ғайринавбатии ҲСТ аз вазифа рафт ва ба ҷойи ӯ Ғулом Ҳалимзода, як чеҳраи дар саҳнаи сиёсӣ ноошно, ки то ин лаҳза муовини раиси ин ҳизб дар вилояти Суғд буд, раиси ҳизб интихоб шуд.

Ҳизби сотсиалистӣ соли 1996 таъсис ёфтааст. Соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид.
Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҲСТ барканор карданд. Вазорати адлия ҳам ҲСТ-ро бо роҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров ба расмият шинохт.
Ҳоло дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабт шудааст, аммо коршиносони мустақил, аксари онҳоро “ҳизбҳои киссагӣ” медонанд ва мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад. То ҳол аз 7 ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз ҲСТ, инчунин ҲХДТ номи 28 номзади худ ва ҲДТ исми 5 намояндаи хешро барои ширкат дар интихобот эълон кардаанд.
Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) чанд рӯз пеш шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро бештар аз 5,5 миллион нафар эълон кард.




Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста