Қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ, ки аз ҷониби президенти Русия эълон шуд, ҳазорон шаҳрванди ин кишварро ба гурехтан водор намуд: тибқи маълумоти як қатор ВАО, ин рақам ба зиёда аз 260 ҳазор нафар расидааст. Қисмате аз онҳо кишварҳои Осиёи Марказиро интихоб мекунанд, ки ба онҳо метавон бидуни раводид (виза) сафар кард. Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе низ имрӯз метавон бо шаҳрвандони Русия дучор шуд. Муносибати сокинони маҳаллӣ ба омадани онҳо гуногун аст - аз “ҳаминҳо намерасиданд” то талошҳои кумак кардан.

“Онҳо намурданро интихоб карданд. Накуштанро ҳам”

“Дар шумо хурмо ҳамин гуна дар дарахт мепазад? Анҷир ҳам?, - бо завқ аз ман мепурсанд меҳмонон. Рӯзи дигар хурсандии онҳоро ҳадду канор набуд. Дар рӯзи аввал бошад, сардаргумиву парешонӣ аз он, ки ба куҷо афтодаанд”, - навиштааст қиссаи худро дар Facebook рӯзноманигор Наргис Қосимова.

Меҳмонон аз Русияро ӯ дар “Ашан”-и шаҳри Душанбе пешвоз гирифтааст. Онҳо бо ҷомадонҳояшон дар навбати гирифтани симкорт меистоданд. Наргис ба онҳо кумак карда, чор нафарашоноро дар хонаи худ ҷой дод ва худаш ба хонаи хоҳараш рафт. Субҳи рӯзи дигар ба онҳо барои ёфтани хонаи иҷора кумак кард.

Наргис Қосимова
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

“Бояд бигӯям, ки онҳо намефаҳмиданд, ки чаро ман пули додагиашонро намегирам. Мехостанд 100 долларро ба дастам қапонанд. Шумо мегирифтед? Ман ба қонуни бозгашт (бумеранг) бовар дорам. Бо кумак ба онҳо бовар дорам, ки ягон рӯзе боз каси дигаре ба фарзандони ман кумак мекунад”, - навиштааст бонуи рӯзноманигори тоҷик.

Боз як меҳмони дигарро Наргис то меҳмонхона бурда, барои ба дармонгоҳ (клиника) муроҷиат намудан, ёфтани қаҳвахонаҳои хуб кумак кард ва мудом бо модари ӯ, ки эҳсосоташро дарк мекард, дар тамос буд.

“Онҳо намурданро интихоб карданд. Накуштанро ҳам. Минбаъд моро чӣ интизор аст, вақт нишон медиҳад. Одамгариро аз даст додан лозим нест”, - изҳор менамояд Наргис.

“Бо кумак ба дигарон одамгариамонро аз даст намедиҳем”

Сокини Хуҷанд Фарангис Шарипова то ин дам аллакай оилаи дуюми шаҳрвандони Русияро дар хонаи худ қабул мекунад.

“Оилаи аввал - падару модар бо ду писарашонро дар бозори “Панҷшанбе” вохӯрдам. Парешонҳол буданд. Ҳамчунин дидам, ки чӣ гуна савдогарон нархҳоро барои онҳо хеле баланд мегӯянд. Наздашон омада, кумак пешниҳод кардам. Албатта, аввал онҳо каме ҳайрон шуданд. Маълум шуд, ки онҳо бо ҳавопаймо соати 12-и шаб омадаанд. Дар меҳмонхонаҳо ҷой набудааст, аз ин рӯ, ҷомадонҳояшонро дар нуқтаи нигаҳдории бағочи фурудгоҳ гузошта, худашон дар шаҳр сайругашт мекардаанд. Ба онҳо пешниҳод намудам, ки дар хонаи ман зиндагӣ кунанд”, - қисса кардааст Фарангис.

Ӯ ба онҳо дар харидани ҳамаи чизҳои зарурӣ аз бозор кумак карда, барои гирифтани борхалтаҳои сафариашон ҳамроҳи онҳо ба фурудгоҳ рафтааст.

“Шабро дар хонаи ман рӯз карданд ва субҳ онҳоро то сарҳад ба Ойбек гусел кардам. Ба Тошканд раҳсипор шуданд. Ман худам модараму писар дорам ва ин гуна одамонро мефаҳмам”, - зикр кардааст Фарангис.

Боз як оилаи дигар, ки ӯ ба онҳо иқомат дар хонаашро пешниҳод намудааст, бояд баъди чанд рӯз аз Камчатка оянд.

“Ҳамчунин дар Ашт хонаи волидонам ҳаст. Дар он ҷо се оила ҷойгир шуда метавонанд. Аллакай дар гурӯҳҳои таъсисёфтаи махсуси кумак ба русиягиҳо ёрии худро пешниҳод намудам. Мо, тоҷикон ҳамеша бо меҳмоннавозии худ фарқ мекунем. Бо кумак ба дигарон одамгариамонро нигоҳ медорем”, - зикр кардааст Фарангис.


“Ростӣ, аз меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ дар шигифтем”

Александр аз Маскав аз ҷумлаи ҳамроҳони се дӯстоне буд, ки Наргис Қосимова ба онҳо кумак кард.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ иқрор шуд, ки аз меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ дар симои Наргис ҳайратзада аст. Ба чунин кумак онҳо умедвор набуда, ҳатто чӣ кор карданашонро намедонистанд.

“Гуфтан метавон, ки моро бо меҳмонхона дар “эйрбнб” фиреб карданд. Пулашро пардохт намуда, тасдиқашро ҳам гирифтем, лекин вақте ки омада расидем, аз меҳмонхона хабар расид, ки ҷойи фармоишӣ (брон)-ро бекор кунем. Ҳангоми фармоиши ҷой ба зикр нашудани рақами телефону рақами ҳуҷраи меҳмонхона аҳаммият надодем. Дигар ҷойи иқомат надоштем. Ба маркази савдо рафтем, то ки хӯрок тановул намуда, симкорти маҳаллӣ гирем. Ва дар он ҷо муъҷиза рух дод - бо Наргис вохӯрдем”, - мегӯяд Александр.

Ба гуфтаи ин мард, дар booking, airbnb ва somon.tj дигар вариант боқӣ намонд. Дар somon.tj ҳамагӣ чанд рӯз пеш пешниҳодҳо хеле зиёд буданд. Вақте ки ба ин ҷо расидем, хеле кам буд. То маркази савдо рафтану харидани симкорт, ҳамагӣ якчанд эълон боқӣ монда буд, ки бо рақамҳои онҳо занг задан муяясар нашуд.

“Шаҳрро ҳоло хуб наомӯхтаем, зеро асосан ба кори фосилавиамон идома медиҳем ва шитобкорона ба сафар баромада будем. Дар ин ҷо бо ёрии Наргис хонаеро бо интернети хуб ба иҷора гирифтем. Ба ҳар ҳол, интернеташ кофист, ки ҷараёни корамонро идома диҳем”, - зикр кардааст ӯ.

Ин мард мегӯяд, бар асари талаботи хеле зиёд ба билетҳову мутаносибан бамаротиб боло рафтани нархи онҳо, танҳо ба шахсоне, ки ин кор барояшон “ҳаётан муҳим” буд, муяссар гардид, ки Русияро тарк кунанд. Худи ӯ ният дорад, ки дар ин ҷо ду ҳафта монда, фосилавӣ кор кунад ва сипас ба Туркия равад.

“Мо то ҳол бовар карда наметавонем, ки бо чунин одамони дилсӯзу ғамхор вохӯрдем. Ният дорем, ки ҳамин ҳафта бо Наргис вохӯрда, миннатдории худро ба ӯ изҳор намоем”, - илова кард Александр.

Гурӯҳҳои кумак ба омадагон

Барои кумак ба шаҳрвандони Русия, ки ба кишвари мо омадаанд, тоҷикистониён дар Telegram гурӯҳҳо таъсис додаанд ва дар онҳо метавон хеле зиёд маълумоти муфид дарёфт кард: вариантҳои иҷораи хона, посух ба саволҳо дар бораи ба қайд гузоштан, пули нақд гирифтан аз кортҳои Русия, гирифтани кортҳои бонкӣ ва симкортҳо ва ғайра.

Нисбатан фаъолтар миёни ин гурӯҳҳо «Релокация в Таджикистан» ва «Добро пожаловать в Таджикистан» мебошанд, ки дар онҳо тоҷикистониён ба омадагон дар мавриди масоили гуногуни рӯзмарра аз қабили ҷойгиршавӣ ва интиқол, пешниҳоди рақамҳои риелторон (миёнаравони дарёфти манзил), таксиҳои хусусӣ, роҳу воситаҳои кор ёфтан ва дигар мушкилот маслиҳатҳо медиҳанд.

Дар гурӯҳи «Релокация в Таджикистан», ки аз ҷониби ҳуқуқшинос ва яке аз фаъолони ҷомеа Наврӯз Одинаев таъсис дода шудааст, дар як шабонарӯз аллакай зиёда аз 1600 нафар номнавис шудаанд.

Фаъолони тоҷик роҳнамоҳо (гайдҳо)-и мукаммале дар бораи Тоҷикистон таҳия намудаанд, ки аз онҳо бобати парвозу ҷойгиршавӣ, ба қайд гузоштан, иҷораи хона, хӯрок, нақлиёт, алоқа ва интернет, нархҳо ба хидматгузориҳои гуногун ва ғайра маълумот дарёфт кардан мумкин аст.

Ҳамчунин корбарони гуруҳҳо дар бораи дар куҷо истироҳату сайругашт кардан ва ба куҷоҳо тамошо рафтан роҳнамоҳои хурд нашр мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.