Дар Душанбе маросими имзои санади дуҷониба миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷопон баргузор гардид, ки дар он ҳамкориҳо дар бахши фаъолияти китобхонаҳо танзим мешаванд.

Тавре ки аз  шуъбаи байнулмилалии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд, барои ин аз ҷониби Ҷопон ҷудо гардидани 597 ҳазор сомонӣ грант пешбинӣ шудааст.

Дар маросими баимзорасӣ вазири фарҳанги ҶТ Зулфия Давлатзода, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Аикӣ Тошиҳиро, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистонби Такасика Мунео, намояндагони Вазорати фарҳанг, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, масъулини Сафорати Ҷопон ва JICA иштирок доштанд.

Дар ҳузури онҳо вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Аикӣ Тошиҳиро Ёддоштҳои табодулии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон”-ро ба имзо расониданд.

Сурат: Вазорати фарҳанги ҶТ

Ҳамзамон, аз ҷониби Зулфия Давлатзода ва Роҳбари намояндагии JICA ҶТ Такасака Мунео Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳа имзо шуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳа JICA ба сифати таҷҳизоти техникӣ дар ҳаҷми 83 млн 800 ҳазор йен (зиёда аз 597 ҳазор доллар) грант пешниҳод мекунад.

Дар мавриди муҳлатҳои амалисозии лоиҳа зикр шуд, ки созишнома аз рӯзи қабули огоҳиномаи хаттии охирин тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ мавриди амал қарор мегирад.

Сурат: Вазорати фарҳанги ҶТ

Грант дар давраи байни рӯзи мавриди амал қарор гирифтани созишнома то 31 июли соли 2025 дастрас хоҳад буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.