Ширкати «Asian Express»-и Тоҷикистон равуои мунтазами автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав барқарор намуд. Автобус тариқи ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 10:00 ба роҳ мебарояд. Соати 9:00 худро ба қайд гузоштан лозим аст.

Автобусҳо аз терминали байнулмилалии мусофирбари «Asian Express» («Автовокзал») дар хиёбони Абӯалӣ ибни Сино, 110 ба роҳ мебароянд.

Сурат: Asia-Plus

Масофаи хатсайри Душанбе - Маскав (то терминали “Котелники” дар вилояти Маскав, шаҳри Котелники) 3 ҳазору 900 километр  ва вақт дар роҳ ҳудуди 66 соату 30 дақиқа (қариб 3 шабонарӯз)-ро ташкил медиҳад.

Роҳи бозгашт 70 соату 30 дақиқаро дар бар мегирад.

Хатсайрҳо бо автобуси тамғаи Mercedes MAN «Fortuna»-и Олмон иҷро карда мешаванд. Ҷойҳои нишаст дар онҳо барои 47 мусофир пешбинӣ шудааст. Автобусҳо бо биотуалет, яхдон, телевизор муҷаҳҳаз мебошанд.

Сурат: Asia-Plus

Дар сафар 8 истгоҳи муваққатӣ пешбинӣ шудааст.    

1) Дӯстӣ (Тоҷикистон);

2) Сариосиё (Ӯзбекистон);

3) Гашт-Кӯприк (Ӯзбекистон);

4) Жибек Жоли (Қазоқистон);

5) Жайсан (Қазоқистон);

6) Сагарчинский (Русия);

7) Рязан (Русия);

8) Истгоҳи охир: Автовокзали «Котелники» (Русия).

Сурат: Asia-Plus

Ҳар як истгоҳу ҳар як хатсайр аз ҷониби маъмури мусофирбар тариқи низоми навигатсионии GPS ҷиддӣ назорат мешавад. Дар ҳолате, ки агар ронанда дар ҷое таваққуф кунад ё аз роҳи хатсайр берун барояд, маъмур дарҳол бо ӯ дар алоқа мешавад.

Хатсайри бозгашт аз Маскав ба Душанбе низ рӯзҳои сешанбе иҷро карда мешавад.

Арзиши билет барои 1 нафар 1 ҳазору 200 сомонӣ ва барои кӯдакони синни аз 2 то 5-сола - 600 сомониро ташкил дода, барои кӯдакони синни аз 2-сола поин бепул аст.

Ба ҷуз роҳи сафар, ба маблағи пардохт инчунин суғурта (маблағи он маълум нест) ва симкорти бепули операторони Русия (Мегафон, TELE2, МТС ва дигар операторон) бо 32 гигабайт интернет дар тавозунаш дохил мешавад.


“Шароитҳо бароҳатанд. Аз ин беҳтар намешавад”

Аксарияти мусофирон, ки дар рӯзи сафар хабарнигори “Азия-Плюс” бо онҳо суҳбат кард, дар бораи барқарор шудани хатсайр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ ёфтаанд.

Александр сайёҳ аз Русия аст, ки дар Соли нав ба Тоҷикистон омада, сипас тасмим гирифтааст, ки ин ҷо монад ва сайругашт кунад.

“Дар бораи хатсайри автобус аз Instagram хабардор шуда, ду ҳафта пеш билет фармоиш додам ва ҳозир ба Самара меравам”, - ҳикоят мекунад ӯ.

Александр - сайёҳ аз Русия
Сурат: Asia-Plus

Александр бори сеюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд.

“Соли 2011 дар меҳмонии шумо будам. Ин дафъа аз болоравии нархҳо дар ҳайратам, дар Тоҷикистон ҳозир маҳсулот нисбат ба Ӯзбекистон ва тамоми Осиёи Марказӣ қиматтар аст, - мегӯяд ӯ. - Орзу доштам, ки ба Помир равам, лекин нашуд, чунки гарон аст. Мехостам, ки «Asian Express» ба Помир ҳам хатсайрҳо дошта бошад. Аз ин имкон истифода мебурдам”.

Боз як сайёҳи дигар аз Русия ҳамроҳи дӯстдухтараш ба Тоҷикистон омадааст, то ки аз Помир боздид кунад, лекин ба ӯ ҳам танҳо сайру саёҳати Ҳисору Варзоб ва Норак муяясар гардида, ба дигар ҷойҳо пул камӣ кардааст.

“Ба Маскав меравем. Нархҳо аз ширкат хеле дастрасанд. Аз барқарор шудани хатсайр аз дӯстонамон дар чатҳои умумӣ фаҳмидем. Бо ҳавопаймо ҳам рафта метавонистем, лекин мехоҳем, ки бо автобус саёҳат кунем”, - мегӯянд онҳо.

Байни мусофирон бешубҳа, шаҳрвандони Тоҷикистон - муҳоҷирони кории оянда низ ҳузур доранд.

1/7

Абдуллохон бо оилааш хайрухуш мекунад. Ӯ ба пулкоркунӣ меравад.

“Дар ин ҷо кори хуб ёфта натавонистам. Маҷбурам, ки ба Русия равам, зеро рӯзгори оиларо таъмин кардан лозим аст. Ду фарзанд дорам. Оилаамро бо волидонам мемонам. Дар Русия дар ду ҷой - субҳ дар коргоҳи коркарди металл ва шабона дар ягон ҷо ба сифати қаровул кор мекунам”, - мегӯяд ӯ.

Абдуллохон бори аввал нест, ки сафар мекунад. То муҳоҷират ӯ ба ҳайси омӯзгори фанни информатика дар мактаби миёна кор мекард. Аз алгебра ва геометрия низ дарс мегуфт.

“Лекин бо маоши омӯзгорӣ таъмини рӯзгор хеле мушкил аст”, - бо таассуф мегӯяд Абдуллохон.

Абдуллохон замоне кӯшиш карда буд, ки бо роҳи заминӣ ба муҳоҷират равад. Ду сол пеш ба воситаи шиносҳо мусофирбар ёфта, лекин ӯ онҳоро то Қазоқистон бурда, фиреб додааст.

“Гуфтанд, ки дар «Asian Express» таъмини бехатарӣ дар сатҳи олӣ аст. Онҳо хеле эътимодноканд. Агар дар ҷойе дармонем, моро меёбанд ва тариқи GPS ба мушкиламон расидагӣ мекунанд”, - мегӯяд мард.
Сурат: Asia-Plus

Мусофири дигари хатсайри имрӯза дар бораи таҷрибаи ғамангези сафари қаблиаш ҳикоят кард. Моҳи майи соли 2020 ҳангоми бозгашт аз Русия ӯ дар марзи байни Қазоқистону Ӯзбекистон дармемонад.

Имрӯз ба Маскав бо ин хатсайр 29 нафар ба роҳ баромада, 18 ҷойи нишаст холӣ монд. Дар ширкат шарҳ доданд, ки агар талабот ба хатсайр зиёд шавад, онҳо дар рӯзҳои ҷумъа ва шанбе хатсайрҳои иловагӣ роҳандозӣ мекунанд.

“Шароит даҳшатнок буд. Автобусҳо вайрон мешуданд. Аз болои автобус борон мечакид. Ин ҷо шароиҳо бароҳатанд. Аз ин беҳтар намешавад. Ба ширкати «Asian Express» комёбиҳо таманно мекунам. Умедворам, ки бо роҳат ба нуқтаи таъинот мерасам”, - мегӯяд мусофирзан.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.