Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 24,2 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 41,6 млн доллар ё худ 2,7 баробар камтар аст. Ҳамчунин шумори кишварҳои мададрасон низ аз 50 то 39 давлат кам шуд.

Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ нисбатан зиёдтар ба Тоҷикистон аз Чин кумаки башардӯстона расид, ки ба 7,1 млн доллар ё худ 29,1% аз ҳаҷми умумӣ аз рӯи арзиши кумак баробар аст.

Ҳамчунин ба сафи кишварҳои асосии мададрасон Белгия (17,1%), ИМА (14,7%),Туркия (4,7%), Ҳиндустон (3,8%), Кореяи Ҷанубӣ (2,7%), Фаронса (2,5%), Дания (1,8%), Олмон (1,7%) шомиланд.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ниҳоят зиёд кумаки башардӯстона ворид гардид, ки маблағи умумии он ҳудуди 141 млн долларо ташкил дод.

Мақомот дар бораи чӣ гуна тақсим шудани кумаки башардӯстона байни эҳтиёҷмандон ба ВАО маълумот намедиҳанд.

Чин ҳамчунин аз рӯи пешниҳоди кумаки молиявии бебозгашт ба Тоҷикистон байни шарикони дуҷониба пешсаф аст.

Чунин кумаки нисбатан зиёдро аз Чин дар ҳаҷми 220 млн доллар Тоҷикистон барои сохтмони маҷмааи биноҳои ҳукумат ва парлумон дастрас намуд.

Чанд рӯз пеш ҳукуматҳои ду кишвар дар Пекин як созишнома ба имзо расониданд, ки мутобиқи он, Тоҷикистон ба маблағи 57 млн доллар кумаки бебозгашти молиявӣ мегирад.

Ғайр аз ин, Чин аз рӯи сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон (ҳудуди 3,3 млрд доллар то аввали соли 2022) ва қарз (бақияи қарз - зиёда аз 1 млрд доллар) пешсафи мутлақ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.