Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, воридоти автомашинаҳои сохти то соли 2013 ба қаламрави ҷумҳурӣ манъ шуд. Ин ба автомашинаҳои боркашу мусофирбар, сабукрав ва махсус дахл дорад. Қарор аз аввали моҳи октябр ҳукми қонунӣ мегирад. Мо тасмим гирифтем, ки аз чӣ гуна таъсир расонидани он ба бозори автомашинаҳои кишвар ва ҳамчунин гарон шудани ё нашудани автомашинаҳо дар пайи ин қарор маълумот дарёбем.

Ба хотири экология

Дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат зикр гардида буд, ки қарори мазкур “бо мақсади таҷдиди парки нақлиётӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани ҳаҷми партовҳо” қабул гардидааст.

Гуфта мешавад, айни замон дар роҳҳои кишвар миқдори зиёди нақлиёти автомобилии кӯҳна равуо доранд, ки  сарчашмаи асосии партовҳои зараровар ба фазо мебошанд. Ҳамчунин таъкид мешавад, ки аксарияти ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳо бо иштироки автомашнаҳои “кӯҳна” рух медиҳанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотии рӯзи 4 август изҳор дошт, ки “ин манъкуниро иқдоми хуб мешуморад”. Вазир таъкид дошт, ки газҳои хориҷшаванда ба солимии ҳар кадоме аз мо зарар мерасонанд, онҳо шахсро на дар як соат, балки тадриҷан ба ҳалокат мерасонанд.

Афзоиши талабот ва гароншавии автомашинаҳои кӯҳна

Дар мавриди пайомадҳои қарори мазкур мутахассисон ақидаҳои гуногун доранд, лекин ҳамаашон бар ин назаранд, ки манъи воридоти автомашинаҳои кӯҳна ба беҳбуди вазъи экологӣ дар кишвар мусоидат карда, сатҳи ифлосшавии ҳаворо коҳиш медиҳад.

“Албатта, дар аввал шояд норасоии автомашинаҳои кӯҳна ҳис шуда, нархи онҳо боло равад, лекин оҳиста-оҳиста харидорон дарк мекунанд, ки бо ҳамин нарх автомашинаи нав бо технологияи бештар муосир ва хатарҳои нисбатан пасттари экологӣ дастрас намудан аст”, - мегӯяд соҳибкор Баҳодур Шодиев.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 ба Тоҷикистон 36 887 автомобил ворид шудааст, ки 21 610 адад зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ба гуфтаи ӯ, талабот ба автомашинаҳои кӯҳна тадриҷан коҳиш меёбад, зеро минбаъд дубора фурӯхтани онҳо фоидаовар нахоҳад буд.

“Масалан, Toyota Camry-и сохти соли 2012 бо ҳолати хуб ҳозир ҳудуди 10 ҳазор доллар нарх дорад. Пас аз манъи воридот нархи он то 13-15 ҳазор доллар боло рафта метавонад. Лекин дар ҳамин ҳол, талабот ба чунин мошин паст хоҳад буд. Чунки бисёр одамон автомашинаро барои он мехаранд, ки баъдан фурӯхта, фоида ба даст оранд, аммо пас аз қарори манъи воридоти онҳо, фурӯши он душвор мешавад”, - тахмин мекунад ӯ.

“Одамон ҳозир он қадр серпул нестанд. Агар автомашинаҳои сохти соли 2013 ворид карда нашаванд, пас мардум аз куҷо 250-300 ҳазор меёбанд, ки автомашинаи нав харанд”, - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Акси марбута аз богонӣ
Сурат: life.ansor.info

Автомашинаҳои кӯҳна босифатанд?

Ба гуфтаи Шодиев, байни харидорон ҳоло ҳам соддалавҳоне ҳастанд, ки мошинҳои тамғаи Олмонро аз автомашинаҳои истеҳсоли Ӯзбекистону Русия ва Чин беҳтар мешуморанд.

“Пас аз мавриди амали қарор гирифтани манъи воридот, тамғаҳои автомашинаҳои арзони истеҳсоли Ӯзбекистону Русия ва Чин нисбат ба мошинҳои кӯҳнаи ба миқдори зиёд воридшудаи сохти Олмон - Opel и Mercedes талаботи бештар хоҳанд дошт”, - чунин мешуморад Шодиев.

Ӯ мегӯяд, одамоне, ки имкони харидани автомашинаҳои навро надоранд, автомашинаҳои кӯҳнаро ба он хотир мехаранд, ки дар оянда ёфтани қисмҳои эҳтиётӣ барояшон осон мешавад.

Автодилер Баҳодур Раҳимов изҳор мекунад, ки моделҳои кӯҳнаи автомашина нисбатан б сифату мустаҳкаманд.

“Ҳозир ман Opel Zafira-и сохти 2001 дорам ва онро ба автомашинаи сохти соли 2020 иваз карданӣ нестам. Зеро ҳолаташ ҳоло ҳам хуб аст. Вақте ки автомашинаи сохти солҳои 2020-2023 мехареду онро ду сол истифода мебаред, аллакай лозим меояд, ки дар бораи дастгоҳи идораи суръаташ (коробка передач) фикр кунед”, - иброз медорад ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, автомашинаҳои нави босифат зиёда аз 500-600 ҳазор сомонӣ нарх доранд ва на ҳама барои чунин хароҷот имкон доранд.

Роҳ ба мошинҳои нав боз шуд?

Ба сурати умум, соҳибкорон ва савдогарони чакана бар ин назаранд, ки манъи воридоти автомашинаҳои кӯҳна метавонад ба болоравии талабот ба воситаҳои нави нақлиёт мусоидат кунад. Ба ақидаи онҳо, истеъмолгарон акнун маҷбур мешаванд, ки ба моделҳои бештар муосир таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Ҳамзамон дар соҳаи нақлиёт лозим меояд, ки масоили кадриро низ ҳаллу фасл кард, зеро ҳоло дар Тоҷикистон норасии шадиди мутахассисони соҳибтаҷрибае мушоҳида мешавад, ки аз ӯҳдаи таъмири автомашинаҳои муосир бароянд, таъминоти барномавӣ, низоми интиқоли сӯзишворӣ, механика ва низомҳои барқиро соз кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.