Омӯзгорони тоҷике, ки дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуда буданд, рӯзи дигар ба Истанбул фиристода шуданд ва ҳеҷ касе онҳоро ба муддати ду рӯз ё зиёда аз он дар фурудгоҳи пойтахти Молдова нигоҳ надоштааст. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Украина ва ҳамзамон Молдова Давлат Назрӣ изҳори назар кард.

Тавре ки ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, омӯзгорон ба Тираспол - пойтахти Приднестровйе сафар доштанд, аммо вақте ки ба Молдова расиданд, онҳоро боздошт намуданд.

“Инҳо се омӯзгори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) - декан, мудири кафедра ва омӯзгор буданд. Онҳо шоми рӯзи 18 сентябр ба Кишинёв омаданд, вале онҳоро ба ин кишвар роҳ надоданд. Лекин нимаи рӯзи дигар онҳоро бозпас ба Истанбул раҳсипор карданд”, - гуфт ӯ.

Давлат Назрӣ маълуомти бархе аз расонаҳоро дар бораи ду рӯз дар фурудгоҳ нигоҳ доштани онҳоро рад кард.

Ба гуфтаи ӯ, сабабҳои ба Молдова роҳ надодани онҳо дархост нашудааст.

“Чунин ҳодисаҳо ягона нестанд. Пеш аз ба кадом як чорабиние рафтан, масалан аз ВКХ ё сафорат фаҳмидан лозим аст, ки барои ба чунин чорабинӣ рафтани шумо ягон мушкилот ҳаст ё не. Донистан лозим аст, ки оё рафтани шумо ба он зарур аст?”, - зикр кард дипломати тоҷик.

Ёдрас мекунем, ки хабаргузории РИА Новости дар Telegram-и худ иттилоъ дода буд, ки гурӯҳи олимони иборат аз филологу таърихшиносон ва омӯзгорон барои иштирок дар конфронс дар мавзӯи забони русӣ ва сиёсати забон ба Приднестрове мерафтанд.

Аммо сарфи назар аз мавҷуд будани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ба ворид шудани онҳо ба Молдова иҷоза надодаанд. Дар хабар зикр гардида буд, ки ду шабонарӯз инҷониб онҳо зери назорати мақомоти пулис дар фурудгоҳии Кишинёв нигоҳ дошта мешаванд.

Кормандони фурудгоҳи Молдова ба олимон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод намудаанд, ки дар онҳо сабаби боздошти онҳо ба “иҷро нашудани дигар шартҳои муқаррарнамудаи мақомоти Молдова барои вуруди хориҷиён ба кишвар” рабт дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.