Аз лиҳози сохтмони манзил ҷумҳурӣ аз ҳамсоякишварҳо қафо мемонад.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн 302,7 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Сохтмони манзил бештар дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар авҷ аст. Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар пойтахти ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор метри мураббаъ хона сохта шудааст, ки ҳудуди 31% аз ҳаҷми умумии майдони манзилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд низ сохтмони манзил дар авҷ буда, дар ин ҷо 386 ҳазор метри мурббаъ хона ба истифода дода шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин нишондиҳанда ба 314 ҳазор метри мураббаъ баробар аст.

Ҳарчанд солҳои охир корҳои сохтмони манзил дар Тоҷикистон тақвият ёфта бошанд ҳам, алҳол таъмини аҳолӣ бо хона аз меъёри муқарраршуда дар қонун поинтар аст.

Таъмини аҳолӣ бо манзил дар кишвар ба ҳисоби миёна 10,9 метри мураббаъ барои 1 нафарро ташкил дода, меъёр бошад, ба 12 метри мураббаъ баробар аст.

Ба ин тариқ, аз лиҳози сатҳи таъмини аҳолӣ бо хона Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои ИДМ дар зинаи поинтар қарор дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ то моҳи декабри соли 2023, сатҳи таъминот бо манзил дар минтақаи Осиёи Марказӣ тариқи зайл аст:


Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.