Обуҳавои имсолаи мусоид ду дарёи асосии минтақаи Осиёи Марказӣ - Амударё ва Сирдарёро сероб кард.
“Дар натиҷаи боришот имсол дар дарёҳои Амударё ва Сирдарё сатҳи боло мешавад. Пешгӯӣ мешавад, ки нисбат ба меъёрҳои дарозмуҳлат дар Сирдарё 85-90% об ва дар Амударё - 90-95% мешавад”, - изҳор доштааст вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи 86-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об рӯзи 12 апрел дар Чимкент (Қазоқистон) кишварҳои минтақа дар бораи лимитҳо (маҳдудиятҳо) ба об тавофуҳ ҳосил карданд.
Мувофиқи лимити тасдиқшудаи обгирӣ дар давраи обёрии соли 2024 дар ҳавзаи Сирдарё кишварҳо барои обёрии заминҳои худ чунин миқдор об мегиранд:
Тоҷикистон - 1 млрд 905 млн
Қазоқистон - 922 млн
Қирғизистон - 270 млн
Ӯзбекистон - 8 млрд 800 млн метри мукааб об.
Обгирӣ аз ҳавзаи Сирдарё ҳамагӣ 11 млрд 897 млн метри мукаабро ташкил медиҳад.
Обгирӣ аз Амударё дар давраи обёрӣ (аз 1 апрел то 1 октябри соли 2024) ба 39 млрд 702 метри мукааб баробар аст.
Аз ин миқдор давлатҳо барои обёрӣ чунин миқдор об мегиранд:
Тоҷикистон - 6 млрд 982 млн
Ӯзбекистон - 17 млрд 220 млн
Туркманистон - 15 млрд 500 млн метри мукааб об.
Партоби об ба шохаи дарёи ва баҳри Арал дар давраи обёрӣ 2 млрд 100 млн метри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Аз ин рӯ, тавре ки мутахассисон мегӯянд, мавсими кишоварзии имсола бояд бидуни мушкилии зиёд гузарад.
Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об маъмулан ду бор дар як сол - баҳор ва тирамоҳ барои тасдиқи лимитҳои обгирӣ аз ҳавзаи ду дарёи бузурги минтақа гирдиҳам меоянд.
Соли гузашта лимити умумии обгирӣ аз ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё дар ҳаҷми 51 млрд 572,6 млн метри мукааб об барои обёрӣ тасдиқ шуда буд. Аз ин миқдор ҳаҷми обгирӣ аз Амударё бояд 39 млрд 677,6 млн метри мукааб ва аз Сирдарё - 11 млрд 895 млн метри мукаабро ташкил медод.
Лекин дар соли 2023 кишварҳои Осиёи Марказӣ воқеъан 42 млрд 997,1 млн метри мукааб ё худ 83,37%-и лимти обгириро истифода бурданд.
Ҳаҷми обгирӣ аз ҳавзаи дарёи Амударё 33,2 млрд ва аз Сирдарё - 9,807 млрд метри мукаабро ташкил дод.