Охири ҳафтаи гузашта дар “Боғи Ирам”-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зеби дастархон» фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нону маҳсулоти нонӣ баргузор шуд.
Беҳтарин ошпазҳову қаннодони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маҳорату малакаи худро пешкаши тамошобинон гардонида таомҳои гуногуни миллӣ, аз қабили шурбойи ширии кадугӣ, ширбиринҷ, шӯрбо, шавла, мастоба, палав, угро, лағмон, қурутоб, шакароб, тушбера, манту, самбӯса, орзуқ, дамлама ва дигар хӯроку хӯришҳои миллиро ба маърази чашидану тамошо гузоштанд.
Ҳамчунин навъҳои гуногуни маснуоти қаннодӣ, аз ҷумла чак-чак, паҳлава ва дигар шириниҳо пешниҳод гардида, тамошобинон бо тарзи пухтану омода кардани онҳо аз наздик ошно шуданд.
Баъзе аз таому маснуоти қаннодӣ бевосита дар ҷараёни баргузории фестивал тайёр карда шуданд.
Ҳар кадоме аз иштирокчиёни фествал ва озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд қадронӣ шуданд.
Аз ин чорабинӣ сокинон ва меҳмонон боздид намуда, миёни онҳо сайёҳон ҳам ҳузур доштанд ва имкон пайдо намуданд, ки бо таому хӯрокҳои миллии тоҷикон шинос шуда, таъми онҳоро чашанд.
Ҳадафи аслии баргузории фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нону маҳсулоти нонии “Зеби дастархон” ҳифзу арҷгузорӣ ва нигаҳдории расму оин ва анъанаҳои миллӣ мебошад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби “Тоҷикматлубот” дар доираи амалисозии «Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баргузор шуд.