Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар паёмҳои худ мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи маорифро хотиррасон мекунад. Имсол дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш сарвари давлат супориш дод, ки Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия шавад.

“Эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст”, - зикр кард президент ва изҳор намуд, ки омӯзгорон бояд дастгирӣ шаванд ва обрӯву нуфузи онҳо дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

Пас оё имрӯз дар Тоҷикистон муаллим будан боиси ифтихор аст?

“Мо уҳдадорем, ки омӯзгоронро ҳарчи бештар дастгирӣ кунем”

Дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи маорифро хотиррасон намуда, дастур дод, ки онҳо то ҷашни 35-умин солгарди истиқлолияти кишвар бартараф карда шаванд.

Сарвари давлат ба масъалаи шаъну шараф ва обрӯву нуфузи омӯзгорон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

“Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор – эҳтиром ба ояндаи миллат аст. Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад.

Ба туфайли заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад”, - зикр кард президент.

Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Зимни муроҷиат ба омӯзгорон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки онҳо бояд “ба касби интихобкардаи худ завқ дошта бошанд, онро сидқан дӯст доранд, иродаи қавӣ ва сатҳи баланди касбият дошта бошанд ва бо рафтору кирдори неку намунавӣ эҳтироми боз ҳам бештари аҳли ҷомеаро ба даст оваранд”.

Президент аз аҳли ҷомеа даъват кард, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бештар дастгирӣ шуда, манзалату обрӯи онҳо дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

Касби “аз мӯд баромада”

Назарсанҷиҳо миёни хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон нишон доданд, ки ҷавонон барои ҳаёти худро бахшидан ба касби омӯзгорӣ майл надоранд ва бештар касбҳои иқтисодчиву ҳуқуқшинос, табибу барномасозро интихоб мекунанд.

Бино ба маълумоти Маркази миллии тестӣ, соли 2023 ихтисосҳои соҳаи тибу мақомоти андоз, гумрук ва бонк, забонҳои хориҷӣ, идоракунии давлатӣ ва ғайра дар сархати писандидатарин касбҳо қарор гирифтанд.

Мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон касби омӯзгорӣ кайҳо боз серталаб нест ва нуфузи худро аз даст додааст. Танҳо қисми ками ҷавонон бо майлу хоҳиши худ омӯзгор мешаванд. Боқимонда танҳо барои эмин мондан аз даъват ба хидмати ҳарбӣ ва интихоби дигар надоштан, касби муаллимиро пеша мекунанд.

Ин ҷо чанд сабаб мавҷуд аст

Сурат: ТАСС

Маоши ночиз ва сарбории хеле зиёд

Дар байни кишварҳои ИДМ музди меҳнати омӯзгорон дар Тоҷикистон пасттарин аст. Имрӯз онҳо ба ҳисоби миёна аз 1200 то 1500 сомонӣ (112-140 доллар) маош мегиранд.

Илова бар ин, қариб дар ҳама ҷо аз омӯзгорон барои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо, хароҷоти қабули комиссияҳои санҷишӣ, таъмир ва дигар чорабиниҳо маблағ гирифта мешавад.

Сарфи назар аз он ки дар Вазорати маориф камбуди кадрҳои омӯзгориро ба нафақа баромадан ва ба рухсатии нигоҳубини кӯдак рафтани онҳо нисбат медиҳанд, коршиносон итминон доранд, ки сабаби асосӣ маоши нокофист.

Ба маошҳои паст инчунин сарбории беҳад зиёд низ илова мешавад. Имрӯз бо сабаби норасоии мактабҳо, ба ҷои меъёри муқаррарии 25 нафар, дар як синф 35-40 нафар талаба дарс мехонанд.

Дарс гузаронидан бо чунин теъдоди зиёди талабагон барои як омӯзгор бори гаронест. Барои назорати азхудкунии мавод омӯзгорон маҷбуранд дафтарҳои хонандагонро тафтиш кунанд, ки барои ин бояд ба онҳо пардохти иловагӣ дода шавад. Аммо муҳим нест, ки дар синф 50 талаба аст ё 15, барои ҳама як хел маблағ муқаррар шудааст.

Ҳолати роҳбари синф боз ҳам вазнинтар аст. Барои пардохти иловагии ночиз омӯзгор бояд як гурӯҳи калони хонандагонро идора кунад, барои дар дарсҳо ҳозир будан, назорати намуди зоҳирии ҳар як талаба, тафтиши китобҳои дарсӣ ва дигар корҳои зиёде ҷавобгӯ бошад.

Ғайр аз ин, маҷлисҳои синфӣ бо волидон, боздид аз хонаҳои хонандагон низ бар дӯши омӯзгорон аст. Аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки омӯзгорон ба гирифтани вазифаи роҳбари синф чандон майл надоранд.

Болои ҳамаи ин санҷишҳои доимӣ, коғазбозии беҳуда ва тағйироти солона дар барномаҳои таълимӣ низ зам мешаванд.

Омӯзгороне, ки дар мактабҳо кор мекунанд, на танҳо мушкилоти моддӣ, балки нороҳатии равониро низ эҳсос мекунанд.

Сурат: Asia-Plus

Эҳтиром ба касби омӯзгорӣ — анъанаи гумшуда

Агар дар солҳои 90-ум унвони "омӯзгор" бо ифтихор садо медод, имрӯз мо шоҳиди пастшавии обрӯ ва мақоми ин касб ҳастем. Мутаассифона, арҷ гузоштан ба заҳмати омӯзгорӣ ба як анъанаи гумшуда табдил ёфтааст.

Ба ҷои он ки ба вазифаҳои аслии худ машғул шаванд, омӯзгоронро барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва ҷамъомадҳои марбут ба қабули шахсони баландпоя истифода мебаранд. Онҳоро маҷбур месозанд, ки дар роҳпаймоиҳо (маршировкаҳо), шанбегиҳо ва ҷамъоварии пахта иштирок кунанд.

Ҳатто барои ваксиназании умумӣ омӯзгоронро ҷалб мекунанд, то ки онҳо якҷоя бо табибон ба хонаҳо рафта, аҳолиро ташвиқ кунанд.

Як сабаби дигари тарки касб кардани омӯзгорон қабули қонуни нав дар бораи таълиму тарбияи кӯдакон гардид. Агар пештар ин масъулият танҳо бар дӯши волидон буд, имрӯз он ба омӯзгорон низ вогузор шудааст.

Омӯзгорон аз он дар ташвишанд, ки бо қабули тағйирот талаботҳо ба онҳо боз ҳам зиёдтар мешавад. Ин фишори равониро пурзӯр намуда, эҳтимол қисми зиёди омӯзгоронро ба ҷустуҷӯи кори дигар водор созад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.