Шурӯъ аз имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе то тобистони соли 2025 қатъ мешавад.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, бо мақсади анҷом додани корҳои таъмиру навсозӣ дар кӯчаи Н.Ганҷавӣ аз хиёбони И.Сомонӣ то кӯчаи Карамов (роҳ аз пул ба самти Донишгоҳи миллӣ (ҷазира), Маркази ЭКСПО) аз 1 октябри соли 2024 то 25 июли соли 2025 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад.
Раёсати ВКД дар пойтахт аз ронадагон хоҳиш кардааст, ки аз роҳҳои кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Қаблан Раёсати ВКД хабар дода буд, ки маҳдудияти ҳаракати воситаи нақлиёт аз роҳи буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе, дар наздикии бинои “Шарқи озод” (ГЖК) то Комбинати гӯшт, ки шурӯъ аз 13 июли имсол ҷорӣ гардида буд, қисман бардошта шуд.
Кӯчаи А.Қаҳҳоров дар пойтахт бар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ мешавад. Аз ҷумла, дар ин ҷо васеъ кардани роҳ, иваз кардани рӯйпӯш, сохтмони обпартоҳо ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Барои бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон чароғҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонгузории амудӣ ва уфуқӣ ва дигар воситаҳои муҳофизат пешбинӣ шудаанд.
Дар ин кӯча сохтмони роҳҳои дуқабата (дусатҳа) ба нақша гирифта шудааст: дар буриши хиёбонҳои С.Шерозӣ, Ҳ.Шерозӣ ва кӯчаи А.Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаҳои А.Ҷомӣ ва А.Қаҳҳоров ва дар буриши кӯчаҳои Абай ва А.Қаҳҳоров. Ҳамчунин, дар болои дарёи «Душанбе» аз кӯчаи Ҷануби-Ҳалқавӣ (Южно-Обходная) то кӯчаи А.Қаҳҳоров сохтмони пули автомобилгард бо дарозии умумии 2,57 км ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи роҳандозии корҳои таъмиру навсозӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин мутобиқ сохтани роҳҳои пойтахт ба меъёрҳои байнулмилалӣ унвон шудааст.