Маҳдудияти ҳаракати воситаи нақлиёт аз роҳи буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе, дар наздикии бинои “Шарқи озод” (ГЖК) то Комбинати гӯшт, ки шурӯъ аз 13 июли имсол ҷорӣ гардида буд, қисман бардошта шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Бозкушоӣ баъд аз ба анҷом расидани қисме аз корҳои таъмирӣ гуфта мешавад.
“Бинобар қисман ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ, бекор карда мешавад. Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, аз он истифода намоянд”, - гуфта мешавад дар иттилои раёсати ВКД-и пойтахт.
Қаблан ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар дода буданд, ки роҳ аз чорроҳаи кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони Саъдии Шерозӣ (гардиш ба рост пас аз пули дарёи Душанбе дар назди ГЖК) то кӯчаи М.Маҳмадалӣ (гардиш ба Мясокомбинат) то 25-уми август баста мешавад.
Вале бо як моҳ таъхир имрӯз, 25 сентябр танҳо қисмате аз роҳ ба истифода дода шуд.
Баъди баста шудани роҳ автобусҳои №6 ва №42, инчунин маршруткаҳои №1 ва №11, ки бо ин роҳ равуо мекарданд, самти худро дигар карда, тариқи кӯчаҳои Абай, Фучик ва Соҳилӣ ҳаракат мекарданд. Акнуни ин нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи хатсайри пешин ҳаракат мекунанд.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста