Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ пеш аз Соли нави мелодӣ корбарон боз масъалаи баргузор намудани чорабиниҳои идонаро дар мактаб ва муоссисаҳои томактабӣ ба миён гузоштанд. Волидон ва фарзандони онҳо умедворанд, ки имсол ба онҳо барои гузоштани арчаву ҷашн гирифтани Соли нав дар муассисаҳои таълимӣ иҷоза мешавад.

Аммо тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, то ҳол  дар мактаҳои миёна, олӣ ва муассисаҳои томактабӣ гузоштани арча ва ташкили зиёфатҳо манъ аст.

Ба ивази ин Вазорат баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, қироати шеърҳо ва расмкаширо дар доираи дарсу машғулиятҳои синфӣ иҷоза додааст. Дар Вазорат зикр карданд, ки агар дар мактабҳои миёна барномаҳои солинавӣ бо ҷараёни таълим мувофиқа шуда бошанд, онҳо маҳдуд карда намешаванд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар чор ноҳияи Душанбе арчаҳо гузошта шуда, барномаҳои фароғатӣ гузаронида мешаванд, то ки хонандагон бо волидони худ истироҳат кунанд.

Дар Вазорат ҳамчунин изҳор намуданд, ки дар мавриди ин масъала ҳоло фармоишҳои нав дода нашудааст. Дар сурати тағйирот, дар ин бора расман маълумот нашр мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аз соли 2012 дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон манъи баргузории ҷашнҳои солинавӣ дар мактабу кӯдаконистонҳо амал мекунад.

Қаблан ин қарор бо дархости волидон қабул шуда буд. Онҳо аз ҷамъоварии маблағ барои баргузории чаорабиниҳои солинавӣ шикоят карда, ин амалро мубориза бо исрофкорӣ медонистанд.

Кӯдакон аз ид маҳруманд

Қаблан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шикоят доштанд, ки чандин сол инҷониб кӯдаконашон аз ид маҳруманд. Волидон то ҳол аз ин қарори дар ҳайрат буда, бекор шудани қарори Вазоратро интизоранд.

Ба гуфтаи корбарон, бисёре аз кӯдакон ба мавҷудияти Бобои Барфӣ бовар дошта, аз фарорасии Соли нави мелодӣ самимона хурсанд мешаванд: дар хона онҳо идро ҷашн мегиранд, лекин дар мактабу кӯдакистонҳо муҳит тамоман дигар аст.

“Дар кӯдакистону мактабҳо ҳамроҳи дӯстон муҳит тамоман дигар аст. Субҳи имрӯз бо духтарчаам (3-сола) суҳбат доштем. Ӯ аз ман пурсид: “Аллакай зимистон шуд?”. Ман посух додам: “Бале”. Ӯ мегӯяд: “Акнун ба кӯдакистони мо Бобои Барфӣ меояд? Мо бо дугонамм он ҷо суруд мехонем, ӯ ба мо туҳфаҳо медиҳад, сипас ба хонаамон омада, боз ба ману хоҳарам туҳфаҳо медиҳад”. Яъне ба ӯ муҳим аст, ки Бобои Барфӣ ба кӯдакистон ояд, ки он ҷо ҳамроҳи дӯстонаш аст ва сипас ба хонаашон ояд”, - навиштааст дар саҳифаи Фейсбук корбаре бо номи Sara ZI.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.