Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корҳои сохтмонӣ барои бунёди метро дар Душанбе моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ оғоз мегарданд. Аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи Ҷанубӣ) ба марказ то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад. 

Интизор меравад, ки бунёди метро мушкили норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва тамбашавии роҳро бартараф кунад. Душанбе то куҷо ба метро ниёз дорад ва оё ин воқенан мушкили тамбашавиро ҳал мекунад? Мо ин саволро аз сокинон пурсидем.

Аксарият тарафдори бунёди метроанд ва мегӯянд, метро метавонад тамбашавии роҳро кам кунад. Ба гуфтаи онҳо, чанд чорае, ки то имрӯз андешида шуд, аз ҷумла барҳам додани гузаргоҳ барои пиёдагардон вазъро тағйир надод.

“Ҳарчанд ин кори душвор аст, вале метро бояд бошад” - гуфт яке аз суҳбатони мо.

Вале ба андешаи нафари дигар, Душанбе шаҳри наонқадар калон аст ва бунёди метро вазъро тағйир намедиҳад.

"Ба назари ман, тамбашавӣ мисли пешина боқӣ мемонад. Бубуинед, гузаргоҳҳои пиёдагардро бардоштанд, аммо чизе тағйир наёфтааст”, - гуфт яке аз пурсидашудаҳо.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.