Тоҷикистон ба сафи кишварҳое дохил мешавад, ки суръати афзоиши демографии баланд дорад. Сарфи назар аз сатҳи баланди муҳоҷират, афзоиши аҳолӣ ва ҷавоншавии сокинон идома дорад. Дар ин бора дар гузориши нави СММ таҳти унвони "Вазъият ва дурнамои аҳолии ҷаҳон – 2024" маълумот дода мешавад.
Пешсафӣ дар минтақа аз рӯи таваллуд
Мувофиқи маълумоти охирини дастрас барои солҳои 2021–2025, нишондиҳанда (коэффитсиент)-и умумии таваллуд дар Тоҷикистон 3,3 кӯдак ба ҳар як занро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда на танҳо баландтарин дар Осиёи Марказӣ, балки ба шумори баландтаринҳо дар ҷаҳон низ дохил мешавад.
Барои муқоиса, дар Қазоқистон тибқи барӯйхатгирии аҳолии соли 2021, ин нишондиҳанда 3,0 буд, аммо тибқи арзёбии СММ, аллакай то 2,8 поинравӣ ба мушоҳида мерасад. Дар Қирғизистон ин нишондиҳанда дар сатҳи 2,9, дар Ӯзбекистон – 2,7 ва дар Туркманистон – 2,6 қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, нишондиҳандаи сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ 2,3 кӯдак ба як занро ташкил медиҳад. Дар аксари кишварҳои рушдёфта ин нишондод ҳатто аз 2,1 поин рафтааст. Ба ин тариқ, сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон ҳамоно баланд боқӣ мемонад, ки ҳам хусусиятҳои демографӣ ва ҳам фарҳангии кишварро инъикос мекунад.
Миллати ҷавон бо талаботи зиёд
Ин сатҳи баланди таваллуд вазъи махсуси демографиро ташаккул медиҳад. Зиёда аз 30% аҳолии Тоҷикистонро кӯдакони синнашон поинтар аз 15-сола ташкил медиҳанд, ки кишварро на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки берун аз ҳудуди он низ ба яке аз кишварҳои "ҷавонтарин" табдил медиҳад. Ин вазъ ба рушди зерсохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла дар мактабу дармонгоҳҳо, кӯдакистон талаботи ҷиддиро ба миён меорад.

Сохтори ҷавони аҳолӣ барои тамоми Осиёи Марказӣ хос аст, бахусус барои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар онҳо мушкилоти вобаста ба таҳсилот, тандурустӣ ва шуғл дар сиёсати давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ро касб мекунанд.
Муҳоҷирати давомдор
Солҳои охир Осиёи Марказӣ ба сифати минтақаи муҳоҷират ба хориҷа боқӣ мемонад. Тибқи арзёбии охирини СММ, муҳоҷират аз Тоҷикистон дар давраи солҳои 2020–2025 ба 312 ҳазор нафар мерасад. Ин маънои онро дорад, ки нисбат ба афроде, ки ба кишвар омадаанд, теъдоди аз кишвар рафтагон зиёд аст ва рафтан идома дорад.
Дар пешбинии дарозмуддати СММ барои солҳои 2045–2050, ҳарчанд вазъ каме рӯ ба беҳбудӣ орад ҳам, аммо боз ҳам манфӣ боқӣ мемонад: 280 ҳазор муҳоҷир. Барои муқоиса, пешбиниҳо барои кишварҳои дигари минтақа он қадр нигаронкунанда нестанд:
- Ӯзбекистон – хуруҷ 250 ҳазор;
- Қирғизистон – 170 ҳазор;
Қазоқистон баръакс, тавозуни мусбати муҳоҷиратро нишон дода, асосан аз кишварҳои ҳамсоя муҳоҷиронро қабул мекунад.
Самтҳои асосии муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ мисли пешин Русия, Туркия, кишварҳои халиҷи Форс ва акнун торафт бештар Кореяи Ҷанубӣ боқӣ мемонанд.
Занон зери фишори омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон занон ҳоло ҳам бо монеаҳои зиёде дучор мешаванд, ки ҳуқуқ ва имкониятҳои онҳоро маҳдуд месозанд. Яке аз масъалаҳои калидӣ дар гузориши охир ба нобаробарии гендерӣ, аз ҷумла сатҳи баланди боқимондаи никоҳҳои бармаҳал миёни духтарон марбут аст. Ин амал духтарони ҷавонро аз имкони гирифтани таҳсилоти пурра маҳрум намуда, роҳ ёфтани онҳоро ба бозори меҳнат душвор месозад.
Занон дар кишвар бештар дар бахши ғайрирасмӣ бе шартномаҳои расмии меҳнатӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ фаъолият мекунанд. Ин онҳоро ба буҳронҳои иқтисодӣ ва ноустуворӣ бештар осебпазир мегардонад ва дастрасии онҳоро ба хидматрасониҳои тиббӣ ва низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ маҳдуд мекунад. Монеаи иловагӣ дастрасии маҳдуд ба иттилоот дар бораи ҳуқуқи худ, хидматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ мебошад, махсусан дар минтақаҳои деҳот.

СММ: бояд фавран ба мушкилоти демографӣ омода шуд
Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати роҳандозии тадбирҳои таъҷилӣ аз ҷониби кишварҳое, ки аҳолиашон босуръат зиёд мешавад, аз ҷумла Тоҷикистон, таъкид мекунад. Дар тавсияҳо зикр мешавад, ки агар пешакӣ чораҳо андешида нашаванд, вазъи демографӣ метавонад ба як бори гарон барои иқтисод табдил ёбад.
СММ ба ҳукуматҳо тавсия медиҳад, ки таъҷилан барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои ҷавононе, ки ба зудӣ ба бозори меҳнат ворид мешаванд, сармоягузорӣ кунанд. Ҳамчунин ба рушди соҳаи маориф, низоми тандурустӣ ва густариши зерсохтори иҷтимоӣ, ки барои таъмини рушди устувор муҳиманд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад.






