Соҳибкорони вилояти Суғд зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мева, хушкмева ва чормағз, инчунин дигар зироатҳои полизии худро, ки минтақа бо онҳо маъруф аст, ба шаҳри Остонаи Қазоқистон мебаранд.

Дар пойтахти Қазоқистон рӯзҳои 16-17-уми август ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маснуоти ҳунарҳои мардумии вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳри Остона, номгӯйи маҳсулот ҳамчунин аз маснуоти дастранҷи ҳунармандон, ки одатан бо анъанаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст, иборат хоҳад буд.

Меҳмонону бинандагон аз ярмарка метавонанд маззаи таъомҳои миллиро чашида, инчунин аз фазои бозори шарқӣ бо рафу дӯконҳои савдои ҳарранга, бӯйи хӯришҳову мусиқии зинда ҳаловат баранд.

Ҳадаф аз чорабинии мазкур дастгирии соҳибкорон, рушди робитаҳои байналмилаллии тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, инчунин пешбурду муаррифии маҳсулоту ҳунари Тоҷикистон дар бозорҳои беруна унвон мешавад.

Гуфта мешавад, ки чунин ярмаркаҳо ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни халқҳо мусоидат намуда, сокинони Қазоқистонро бо мероси ғании фарҳанги мардум кишварҳои ҳамсоя шинос мекунанд.

Ярмарка рӯзи 16-уми август аз соати 11:00 то 19:00 ва 17-уми август аз соати 10:00 то 19:00 сурат мегирад. Даромадан ба он озодона аст. Он  дар қаламрави “Барис-Арена” баргузор шуда, он ҷо ҳар кадоме метавонад барои худ чизи дилхоҳу ҷолибе пайдо кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.