Дар яке аз маросимҳои таҷлили маросими Ошӯро дар шаҳри Ироқ аз ҷониби пайравони мазҳаби шиа 31 нафар ҳалок ва беш аз 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории Рейтер, ин амали террористӣ дар мавзеи Шааби шимоли пойтахти Ироқ сурат гирифта, як маргталаб миёни ҷамъе аз пайравони шиа худро тарконидааст.

То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба дӯш нагирифтааст. Қобили зикр аст, ки охири моҳи сентябр низ бар асари як амали терористӣ дар Бағдод 17 нафар ҳалок ва зиёда аз 50 нафари дигар захмӣ шуда буданд.