Президенти собиқи Афғонистон Ҳомид Карзай ва раҳбари Шӯрои олии оштӣ Абдулло Абдулло амалан дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Фергана менависад, дар ин бора CNN бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти шабакаи телевизионӣ, 23 август ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” силоҳ ва мошинҳои гурӯҳи посбонии мусаллаҳи Карзайро гирифта, ин боис шуд, ки президенти пешин ба назди Абдулло кӯчад.
Рӯзи 25 август афроди мусаллаҳ хонаи Абдуллоро кофтукоб карда, посбонон ва мошинҳои ӯро бурданд.
Тибқи маълумоти манбаъ, Карзай ва Абдулло бидуни муҳофизони худ амалан дар ҳабси хонагӣ қарор доранд.
Дар нахустин нишасти матбуотӣ пас аз тасарруфи пойтахти Афғонистон, намояндагони “Толибон” ваъда доданд, ки бо иштироки намояндагони гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ҷомеаҳои этникӣ дар Афғонистон ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунанд.
Аз он вақт инҷониб намояндагони ҳаракати тундгаро бо Карзай ва Абдулло, ки пас аз 15 август таҳти идораи ҷангиён қарор гирифтани ҳокимият дар Кобул монданд, борҳо гуфтугӯ анҷом додаанд.
Бархе аз ВАО хабар дода буданд, ки “Толибон” ният доранд Шӯрои иборат 12 нафарро таъсис диҳанд, ки ба идоракунии сохторҳои ҳукумати Афғонистон машғул бошад. Дар назар буд, ки Ҳамид Карзай ва Абдулло Абдулло низ ба ҳайати он шомил мешаванд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.