Пешвоёни гурӯҳи “Толибон” низоми идоракунии Афғонистонро интихоб намуданд. Тибқи маълумоти нашрияи Foreign Policy, онҳо Шӯрои иборат 12 нафарро таъсис доданианд, менависад РБК.
Бино ба иттилои нашрия, се нафар шахсони бештар таъсиргузор дар шӯро инҳо буда метавонанд:
- мулло Абдул Ғанӣ Бародар, роҳбари дафтари сиёсии “Толибон” дар Давҳа;
- роҳбари комиссияи ҳарбии “Толибон” мулло Мавлавӣ Яъқуб — писари муассиси ҳаракат мулло Умар;
- Халил Ал-Раҳмони Ҳаққонӣ — узви воломақоми гурӯҳи террористии “Шабакаи Ҳаққонӣ”.
Толибон намехоҳанд мақоми президент ё ягон раҳбари ягонаи дигарро дар Афғонистон барқарор кунанд, аммо ҳамзамон ният доранд, ки ба бархе аз аъзои ҳукумати қаблӣ дар шӯрои нав ҷой пешниҳод кунанд.
Ба ин тариқ, “Толибон” мехоҳанд як мақоми роҳбарикунандае таъсис диҳанд, ки то ҳадди имкон фарогиранда буда, имкони дастёбӣ ба эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро зиёд кунад, менависад Foreign Policy.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати шӯрои ҳукмрон толибон Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳи Масъудро низ дидан мехоҳанд, лекин шомил гардидани Аҳмад Масъуд ба ҳайати ин шӯро кам эҳтимол дорад, чунки ӯ Ҷабҳаи муовимат зидди Толибонро дар ягона вилояти аз тасарруфи толибон озод - Панҷшер ба роҳбарӣ гирифт.
Субҳи 23 август Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Твиттераш навишт, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.
Дар навори видеои рӯзи 22 нашршуда толибон изҳор менамоянд, ки ба Масъуд чор соат вақт медиҳанд, то ҷонибдоронаш силоҳашонро ба замин гузоранд, дар акси ҳол, ҷангиёни муқовимат "муҷозот хоҳанд шуд".
Аҳмад Масъуд, дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони “Ал-Арабия” изҳор дошт, ки Ҷабҳаи муҷовимат таслим шуданӣ нест ва ба мубориза омода аст.
Ба иттилои Reuters Аҳмад Масъуд зикр кардааст, ки “ин толибон бояд гузашт кунанд ва ҳукумате таъсис бидиҳанд, ки ба онҳо намояндагони тамоми неруҳо шомил шаванд".
“Агар “Толибон” аз муколама даст кашанд, ҷанг ногузир аст”, - таъкид доштааст роҳбари Ҷабҳаи муқовимат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.