Рӯзи панҷшанбе, 11 ноябр дар Исломобод як нишаст дар ҳошияи "сегона+" (Тройка плюс) баргузор шуд, ки ширкаткунандагони он аз Толибон даъват карданд, ки аз иртибот бо террористон даст кашанд ва онҳоро аз имкони фаъолият дар қаламрави Афғонистон маҳрум созанд, менависад хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Покистон.
Дар Исломобод нишаст дар формати "сегона+" оид ба Афғонистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони махсуси Чин, Русия, ИМА ва Покистон, инчунин як ҳайати Толибон ширкат доштанд.
"Cегона+" бори дигар интизории худро таъкид кард, ки “Толибон” ба уҳдадориҳои худ дар мавриди пешгирӣ аз истифодаи террористон аз қаламрави Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсояи худ ва боқимондаи ҷаҳон риоя хоҳанд кард.
Ҳамчунин "сегона+" аз ҳукумати нави Афғонистон даъват кард, ки ҳамаи уҳдадориҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқиро риоя намояд.
“Аз “Толибон” дархост шуд, ки бо иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалӣ-ҳуқуқӣ ва риояи усули аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои асосии инсон, ҳифзи амният ва ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон ва муассисаҳои хориҷӣ дар Афғонистон, бо кишварҳои ҳамсоя муносибати дӯстона роҳандозӣ кунанд”, - зикр мешавад дар санад.
Иштирокчиёни нишаст зарурати эҳтироми ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсилро дар ҳама сатҳҳо таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин ӯҳдадории байналмилалӣ аст ва аз “Толибон” даъват карданд, ки ба талошҳо барои таъмини дастрасии комил ва баробар ба таҳсилот дар саросраи кишвар тақвият бахшанд.
Ҳамчунин Русия, Чин, Покистон ва ИМА аз нақши фаъоли СММ дар кори расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд. Аз СММ даъват шуд, ки оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҷомеаи байнулмилалӣ дар самти дастгирии Афғонистон барномаҳо таҳия кунад.
Намояндагони кишварҳои дар нишаст ҳузурдошта аз дигар давлатҳо тақозо карданд, ки ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва мусоидат дар мубориза бо COVID-19 чораҳо андешанд.
Дар санад мушаххасан зикр мешавад, ки "сегона+" аз фурӯпошии эҳтимолии иқтисодӣ ва мавҷи нави паноҳандагон нигаронӣ дорад.
Дар нишаст инчунин зикр шуд, ки созмонҳои байналмилалии башардӯстона аз мушкилоти пардохтпазирӣ дар кишвар изҳори нигаронии ҷиддӣ намуда, уҳдадор шудаанд, ки ба тадбирҳои осон кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои қонунии бонкӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир кунанд.
"Сегона+" ҳамчунин аз “Толибон” даъват кард, ки дастрасии бидуни мамониат ба кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла барои занони кумакрасони башардӯстонаро барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон таъмин кунанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.