Бар асари тирпаронӣ дар минтақаи шимолу ғарби Покистон дастикам 7 кас кушта шуданд: аввал 1 омӯзгорро паронида, баъди чанде дар мактаб тирпаронӣ шуд, ки дар натиҷа 6 нафар ҳалок шуданд. Ҳарду ҳодиса рӯзи 4 май дар шаҳри Порачинор (Ҳавзаи Курам), каме дуртар аз сарҳад бо Афғонистон рух додааст.

Reuters менависад, ки дар натиҷаи тирпаронӣ 4 омӯзгор ва 2 корманди мактаб кушта шудаанд. Муаллими қаблан паронидашуда - мусулмони суннӣ мебошад. Al Jazeera бо истинод ба Globo TV менависад, кушташудагон дар ҳарду ҳодиса шиаҳо мебошанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Al Jazeera, ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки дар мактаб барои синфҳои ибтидоӣ имтиҳон гузаронида мешуд. Омӯзгори дигар “каме дуртар” аз ин ҷо паронида шудааст.

Намояндаи пулиси маҳаллӣ изҳор дошт, ки ҳоло дар бораи бо кадом мақсад содир шудани ин амал маълумоти дақиқ нест. “Мо тафтишро оғоз кардем, лекин ҳоло сабабҳояшро дақиқ намедонем”.

Мақомоти маҳаллӣ ба Reuters хабар додаанд, возеҳ нест, ки “оё ҳамлаи дуюм ба ҳодисаи аввал рабт дорад ё не”.

Хабаргузорӣ зикр мекунад, ки дар ҳавзаи Курам аксарияти аҳолиро шиаҳо ташкил медиҳанд, ки бисёр вақт аз ҷониби гурӯҳҳои суннӣ аз ҳаракати “Толибон” мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.