Гуруҳе аз намозгузорони шаҳри Котелникии Русия дар наворе ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия муроҷиат карда, хостаанд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ гирифта шавад ва аз таҳқири мусулмонон ҷилавгирӣ гардад.

Дар муроҷиати видеоии гуруҳе аз намозгузорони масҷиди Котелники, ки дирӯз, 10-уми июл, дар сомонаи расмии Идораи динии мусалмонони вилояти Маскав нашр шудааст, гуфта мешавад, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 7-уми июли соли 2023, ҳангоми гузоштани намози ҷумъа гуруҳе аз кормандони ОМОН (Дастаи таъиноти махсуси милитсия) вориди масҷид шуда, намозгузоронро таҳқир кардаанд.

Сухан аз ҳодисаи санҷишу боздошти 7-уми июл аст, ки дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав рух дод. Он рӯз кормандони мақомоти интизомӣ ҳангоми гузоштани намози ҷумъа вориди масҷид шуда, дағалона талош карданд намозгузоронро пароканда кунанд.

“Кормандони ОМОН бо пойафзол вориди масҷид шуданд ва нисбати намозгузорон аз нерӯ истифода карданд. Онҷо занҳову кӯдакон низ буданд. Вақте намозгузорон, ки аксаран шаҳрвандони Русия ҳастанд, аз онҳо талаб карданд, ки сабаби чунин бархӯрдро шарҳ диҳанд, нерӯҳои интизомӣ аз сӯхторхомушкунак истифода карданд”, - гуфта мешавад дар навор.

Муроҷиаткунандагон таъкид мекунанд, ки фаъолияти онҳо қонунӣ аст ва онҳо Ҷамъияти мусулмонони шаҳри Котелники бо дастгирии муфтии Русия шайх Равил Гайнутдин таъсис ёфтааст.

“Мо танҳо аз ҳисоби намозгузорон фаъолият мекунем, аз давлат кӯмак намегирем, биноҳоро қонунан иҷора мегирем... Амали афсарони ОМОН ба сулҳу ваҳдати байни миллатҳо ва динҳо дар ҷомеа латма ворид мекунад”, - гуфта мешавад дар навор.

Муроҷиаткунандагон таъкид мекунанд, ки “тӯли таърих мусулмонон ҳамеша дар паҳлӯи ватан буданд”.

“Миёни намозгузрон иштирокчиёни амалиёти махсуси низомӣ ҳастанд. Вақте онҳо аз амалиёти низомӣ баргашта, дар хонаи худ ноадолатиро мебинанд, худро таҳқиршуда меҳисобанд”, - зикр мегардад дар навор.

Акси марбута

Онҳо гуфтаанд, ки Марказ зидди нақзи қонунҳои муҳоҷират аст, аммо онҳо наметавонанд нафароне, ки қонунро вайрон мекунанд дар масҷид пайгирӣ кунанд, зеро ин бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ва берун аз деворҳои Марказ анҷом дода шавад.

“Владимир Владимирович, мо ба шумо барои ҳимоя муроҷиат мекунем, аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба ин вазъ дахолат кунед ва нисбат ба вайронкунандагони қонун чораҳои сахт бинед”, - мегӯянд муроҷиаткунандагон.

Ёдовар мешавем, ки 7-уми июл кормандони ОМОН ба масҷиде, ки дар як бинои 17-ошёна дар шаҳри Котелникии вилояти Маскав ҷойгир аст, ворид шуда, хостанд ҳозиринро пароканда кунанд. Он замон мусалмонон намози ҷумъаро адо мекарданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, нерӯҳои амниятӣ вориди масҷид шуда, мехостанд ҳамаи намозгузоронро аз масҷид берун кунанд, аммо ин кор ба онҳо муяссар нашуд.

Ин рафтори кормандони ОМОН-ро Идораи мусулмонони вилояти Маскав маҳкум намуд.

Дар ҷараёни ин амалиёт ҳудуди 70 нафар боздошт шуданд ва онҳо ба вайрон кардани қоидаҳои будубош муттаҳам гардиданд.

Қаблан чанде аз сокинони ин шаҳр ба Владимир Путин муроҷиат карда аз бунёди масҷид дар бинои истиқоматӣ шикоят карда буданд. Дар баробари ин, сокинон таъкид намуда буданд, ки намехоҳанд барои мусалмонон масҷиди алоҳида бунёд карда шавад.

Пас аз ин муроҷиат, мақомти интизомӣ масҷидро бастанд ва Кумитаи тафтишот дар робита ба хунукназарӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Бояд таъкид намуд, ки моҳҳои охир “амалиёт”-ҳои махсуси нерӯҳои интизомиву амниятии Русия зиёд шуда, онҳо бо баҳонаҳои гуногун муҳоҷирон, махсусан тоҷиконро боздошту бозпурсӣ мекунанд. Аммо сабаби чунин муносибати дағалро ҳеҷ кадоме аз мақомдорони ин кишвар шарҳ намедиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.