Павел Пригожин, писари Евгений Пригожин, муассису роҳбари ШХҲ “Вагнер”, ки чанд моҳ пештар ба таври мармуз ҳалок гардид, мебошад. Ӯ ҳоло роҳбарии ширкати падарашро ба зимма гирифтааст.
Дар ин бора расонаи “Настоящее время” хабар дода, менависад, ки “кор ҳамон аст, аммо ба ҷойи Евгений Викторович писараш дар сари ҳокимият аст”.
Ба навиштаи ин расона, писари Евгений Пригожин тавонистааст падарашро дар ширкат иваз кунад ва ба кори ӯ идома диҳад.
“Павел чун писари роҳбари ширкат боқӣ мемонад, аммо командир дигар мешавад. Евгений Пригожин ҳеҷ гоҳ фармондеҳи олӣ набуд. Пригожин як чеҳраи расонаӣ ва сардори рота буд. Ва тамоми кори дастаро “Девятый" - Дмитрий Уткин ба зимма дошт. Ҳоло Антон Елизаров ҳамаи коррро мекунад, Павел бошад ҷанбаи молиявиро пеш мебарад”, - ба нақл аз огоҳи вазъ менависад ин расона.
Гуфта мешавад, ки Павел Пригожин як нафари мубориз аст. Ҳадлди ақал ӯ дар манотиқи ҷангӣ будааст. Аксҳои ӯро дар шаҳри Кадиевкаи вилояти Луганск бо либосу лавозимоти ҳарбӣ дидан мумкин аст.
“Вай, албатта, одами камбағал нест. Ва ман ҳатто фикр мекунам, ки ӯ сарватманд аст, аммо олигарх нест. Аммо манбаи ӯ куҷост? Ба ҷуз аз насабаш Пригожин, ки ҳоло бештар тобиши манфӣ касб кардааст”, -мегӯяд журналисти маркази “Досье” Денис Коротков.
Дар индома ин расона менависад, ки Павел Пригожини 25-сола бешубҳа одами сарватманд аст. Ӯ муддати тӯлонӣ муассиси як қатор ширкатҳо дар Санкт-Петербург буд ва эҳтимол аз падараш мероси хубе гирифтааст. Ӯ дорои амволи ғайриманқул ба маблағи миллиардҳо рубл аст. Дар ин бора расонаҳои тадқиқотӣ чандин маротиба навишта будан.
Воқеан, вай таҳти таҳримҳои ИА ва ИМА қарор дорад. Аммо ба ҳар сурат, Павел Пригожин он ҳама сарвату қудрат ва тамосҳое, ки падараш дар ихтиёр дошт, надорад.
“Евгений Пригожин шахсан бо Путин шинос буд, ки то охири ошӯб аз ӯ ҷонибдорӣ мекард. Ҷаноби Пригожин метавонист дар шароити баробар ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мавқеи боло бо мансабдорони мухталифи давлатӣ муошират кунад”, - мегӯяд Денис Коротков.
Зикр мегардад, ки дар бораи робитаҳои Павел Пригожин дар доираҳои қудратӣ чизе маълум нест. Фақат ба номи падар аз нав барқарор кардани артиш хеле душвор аст.
Як манбаи ин расона гуфтааст, ки “Антон Елизаров як фармондеҳи ботаҷрибае аст, ки дар байни зархаридон нуфузи калон дорад, аммо дар ҳеҷ ҷое барои назорат кардани артиш захирае надорад”.
Воқеан, дар бораи захираҳо. Дар мактуб ба даъватшавандагон бевосита гуфта мешавад, ки ШХҲ “Вагнер” ба зерсохтори Гвардияи Русия табдил меёбад. Аммо ваъда мешавад, ки ин чизеро тағйир намедиҳад.
“ШХҲ “Вагнер” бо Гвардияи Русия шартнома мебандад, на онҳое, ки мо киро мекунем. Созишномаи стандартӣ хоҳад буд. Ман ва Гвардияи Русия барои маблағҳои муайян ва вазифаҳои муайян шартнома мебандем. Гвардияи Русия танҳо ба мо пул медиҳад, тамом. Шартнома то ҳол ҳамон аст. Мо шаш моҳ дар минтақаи шимолу ғарбӣ ва нӯҳ моҳ дар минтақаи дурдаст: Африқо, Сурия, Либия ҳастем”, - шарҳ додааст як манбаъи расона аз шаҳри Перм.
Бояд зикр кард, ки ба навиштаи ин расона, айни ҳол ШХҲ “Вагнер” ба қисмҳо тақсим шудааст ва гуруҳҳои алоҳида пайдо шудааст. Он иттиҳоде, ки миёни ҷанговарони ин гуруҳ дар замони Евгений Пригожин мушоҳида мешуд, дида намешавад.