Кэшбэк – бозгашти фоизи муайян аз арзиши мол мебошад. Он аз калимаи англисии "cash back" сарчашма гирифта маънои бозпас гардонидани пули нақд мебошад.
Истилоҳи мазкур дар соҳаҳои тиҷорати онлайнӣ, бонкдорӣ ва бозиҳо ҳамчун нишонаи як намуди барномаи бонусӣ барои ҷалби мизоҷон истифода мешавад.
Масалан, агар Шумо бо истифода аз 10% кэшбэк ҳангоми хариди планшет ба маблағи 1500 сомонӣ, метавонед 150 сомонии худро бозпас гиред. Планшет ба Шумо 1500 сомонӣ неву, 1350 сомонӣ меафтад.
Дар Тоҷикистон истифода аз хизматрасонии кэшбэк чанд соли охир ривоҷ пайдо кард, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳои пешрафта ба монанди ИМА, Аврупо, Русия ин як амали маъмулӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳо ба мизоҷони худ тариқи ҳамёнҳои электронашон аз 5 то 50% кэшбэк пешниҳод мекунанд.
Кадом ширкатҳо дар Тоҷикистон кэшбэк пешниҳод мекунанд?
Ширкатҳои “Алиф бонк”, Тселл, Вавилон-мобайл, Мегафон, Хумо, Комерсбонк ва ғайраҳо барои истифода ва пардохти харидҳо тариқи ҳамёнҳои электрониашон кэшбэкҳоро бо фоизҳои гуногун пешниҳод мекунанд.
Бо QR-код тариқи ҳамёни электронии Alif mobi харидҳои худро пардохт намуда соҳиби кэшбэкҳо мешавед, яъне як қисми маблағи сарфшударо бармегардонед. Ҳангоми пардохт бо истифодаи QR-код, ба Шумо 0,5% кэшбэк аз маблағи пардохт барои ҳама молҳо ва хидматҳо пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми пардохти молҳо ва хидматрасониҳои шарикони "Алиф Сармоя", ки рӯйхати онҳо дар ҳамёни электронии Alif mobi мавҷуд аст, кэшбэк то 40% мерасад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста