Душанбе. 17-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар ҳошияи баргузории Ҳамоиши
III
-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»
фестивали байнулмилалии ҷавонони «Дизайн-2008» оғоз мегардад, ки то 19-уми сентябр идома хоҳад ёфт.
Раиси Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон Ҷамшед Ғаниев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки фестивал аз 2 барнома - озмунӣ ва ғайриозмунӣ иборат буда, дар байни донишҷӯён ва мутахассисон гузаронида мешавад.
Ғайр аз ин, дар чаҳорчӯбаи барномаи фестивал озмуни корҳои беҳтарин дар тарроҳиву ороиши сарулибос, дафтари корӣ, аксбардорӣ ва ороиши ҷавоҳирот низ доир мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар озмуни мӯд мутахассисон аз 8 то 12 ва донишҷӯён аз 3 то 5 кори худро пешкаш мекунанд ва дар ин озмун Тоҷикистонро ороишгарону чеварони шинохта Р.Шералиева, М.Ҳамроева, Н.Бекназаров ва Б.Эмомов намояндагӣ хоҳанд кард.
Котиби масъули лоиҳа Гамила Абдурауфова хабар медиҳад, ки барои иштирок дар фестивал 80 дархостнома қабул карда шудааст Интизор меравад, ки дар барномаҳои ғайриозмунӣ намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон корҳои худро ба маърази тамошо мегузоранд. Озмуни асосӣ ва ниҳоии мӯд дар Маркази Вефа доир гашта, дар анҷоми он ғолибон муайян карда мешаванд.
Шоми имрӯз намоишгоҳи аксҳо ифтитоҳ гардида, ҳамчунин намоиши навъҳои сарулибоси тарроҳону ороишгарони Хуҷанд ва коллеҷи санъати ин шаҳр баргузор мегардад.
Фестивал аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ ва Иттифоқи ороишгарони Тоҷикистон созмон дода шудааст.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста