Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар Маркази тадқиқотии стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Ризоият ва гуфтугӯи тамаддунҳо: таърих ва замони муосир» конфронси байнулмилалӣ баргузор мешавад.

Аз маркази номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки   конфронс ба муносибати 950-умин солгарди мутафаккир ва файласуфи бузурги форсу тоҷик Абӯҳамид Муҳаммади Ғаззолӣ доир мегардад. Он бо дастгирии мушовир оид ба фарҳанги сафорати Эрон дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс намояндагони доираҳои илмии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон ва Афғонистон ширкат варзида, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва осори Муҳаммади Ғазолӣ табодули афкор хоҳанд намуд.

Қобили зикр аст, ки ақидаҳо ва ғояҳои фалсафии Ғазолӣ бо вуҷуди гузаштани асрҳои тӯлонӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. ЮНЕСКО дар иҷлосияи 34- уми худ 27 октябри соли 2007 қарори махсус қабул намуд, ки мувофиқи он 950 – солагии Муҳаммади Ғаззолӣ дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.