Душанбе. 8-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Театри драммавии ба номи В.Маяковский дар ҷашнвораи театрҳои Аврупо, ки таҳти унвони «Шери заррин» аз 8 то 20 октябр дар шаҳри Лвов баргузор мегардад, ширкат меварзад. Ҳунарпешагони тоҷик дар ин ҷо асари саҳнавии «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» - ро, ки онро коргардони Ӯзбекистон Олимҷон Салимов ба саҳна гузоштааст, намоиш медиҳанд.
Директори театри мазкур Сӯҳроб Мирзоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин намоишномаро ҳунармандони театр бори саввум аст, ки дар ҷашнвораҳои гуногун намоиш медиҳанд. Бори нахуст он дар ҷашнвораи театрӣ дар Брест ва маротибаи дуввум дар Русия намоиш дода шудааст. «Созмондиҳандагони ҷашнвора хоҳиш карданд, ки маҳз ин намоишнома ба тамошобинон пешкаш гардад, зеро дар Брест он ба онҳо хеле писанд омадааст», - гуфт ӯ.
Дар ҷашнвора ҳунармандони театрии 25 кишвар намоишномаҳои худро пешкаши тамошобинон мекунанд. С.Мирзоев таъкид сохт, ки дар ҷашнвора Осиёи Марказиро танҳо театри Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста