Ахири ҳафтаи сипаришуда, рӯзи 9-уми ноябр дар толори консертии маркази байнифарҳангии “De Centrale” шаҳри Генти Шоҳигарии Белгия ба ифтихори 22-юмин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ва 21-умин солгарди иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти сарпарастии муштараки сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва шаҳрдории шаҳри Гент шоми санъати тоҷик барпо гардид.

Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия хабар доданд, дар ҳошияи шоми санъат консерт бо иштироки овозхон ва композитори машҳури тоҷик Давлатманд Холов ва намоишгоҳи либосҳои тоҷикии чакан ва сузанӣ баргузор гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, таҳти оҳанги мусиқии “фалак” дар иҷрои Давлатманд Холов дар назди ҳозирин тоҷикдухтарон либоси миллии тоҷикии қадима, анъанавӣ ва пурҷилои чаканро намоиш доданд.   

Гуфта мешавад, дар чорабинии номбурда зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла зиёиён, санъатшиносон, олимони донишгоҳҳои маъруфи аврупоӣ, ҳайати дипломатии муқими Белгия, намояндагони воситаҳои ахбори умуми бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва диаспораи тоҷик ширкат варзиданд.