Рӯзи 28-уми ноябр овозхони ҷавони эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам барномаи консертии худро дар Маркази исмоилияи шаҳри Лондон намоиш медиҳад. Чорабинӣ дар доираи Рӯзҳои Тоҷикистон дар Британияи Кабир барпо карда мешавад.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир, дар доираи ин чорабинӣ рӯзи 27-уми ноябр дар мавзӯи «Тоҷикистон дар асри 21. Дурнамои рушд ва пешравӣ» семинар доир гардида, дар он атрофи дурнамои ҳамкориҳо ва сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, вазъи илму маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ ва роҳҳои рушди он табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, роҷеъ ба ин мавзӯъҳо сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов,  директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд Масару Хонма, директори Бонки осиёгии рушд дар Тоҷикистон Чанг Чин Ю, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев, намояндаи Ҷамъияти тоҷикон ва мардуми форсизабони ҷаҳон «Пайванд» Ҷалол Бадахшонӣ ва дигарон маърӯза хоҳанд кард.