Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Роттердами Шоҳигарии Нидерланд бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд аз ҷониби диаспораи тоҷик «Маркази фарҳангии тоҷикон» ифтитоҳ ёфт. Раиси он аз ҷониби диаспораи тоҷик Абдуғаффор Сафаров интихоб гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ифтитоҳи Марказ сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев ба меҳмонон дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва туристии кишвар маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар Маркази фарҳангӣ доираи васеи адабиёт дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ, ки аз ҷониби намояндагии дипломатӣ тақдим гардидааст, мавриди тамошо ва истифода қарор дода шудааст.