Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Ӯзбекистону Русия дар Тошканд Русия беш аз 860 млн. $ қарзи Ӯзбекистонро беэътибор мекунад.

Қабл аз оғози гуфтушуниди Владимир Путин ва Ислом Каримов ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор намуда буд, ки ҳаҷми маблағи қарз то моҳи ноябр ҳудуди 890 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 500 миллион доллар қарзи асосӣ ва наздики 388 миллион фоизҳои қарз аст. «Акнун тасмим гирифта шуд, ки аз 500 миллион доллари қарзи асосӣ Ӯзбекистон танҳо 25 миллионашро пардохт мекунад», - зикр кард ӯ.

Дар нишасти хабарӣ баъди гуфтушунидҳо президенти Русия Владимир Путин изҳор доштааст, ки ба Ӯзбекистону Русия муяссар шудааст, ки дар масъалаи ҳаллу фасли талабот ва уҳдадориҳои молиявии дуҷониба комилан ба мувофиқа расанд.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Маскаву Тошканд дар робита ба имзои шартнома миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар бораи таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ машваратҳо доир мекунанд. «Таъкид мекунам, ки ин танҳо машварат хоҳад буд», - иброз доштааст сарвари давлати Русия.