Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов дар тамринҳои низомӣ, ки дар наздикии Ашқобод доир гардиданд, иштирок кард.

Бино ба иттилои портали «Хроника Туркменистана», сарвари давлати Туркманистон ба роҳбарони сохторҳои қудратии кишвараш шахсан тарзи корбарӣ ва истифодаи силоҳ, бехато типарронӣ кардан ва ханҷарпартоӣ ба душманро намоиш дод.