Дар робита эҳтимоли вайрон кардани талабот, Қазоқистон нисбати панҷ ширкати маҳсулоти ширии Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод Вазорати кишоварзии Қазоқистон, ин маҳдудият дар доираи "шиддат гирифтани назорат дар марзи Қазоқистону Қирғизистон" сар аз 10 октябр ҷорӣ шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати маҳсулоти мушаххаси ду корхонаи қирғизӣ "назорати қатъии озмоишгоҳӣ" идома дошта, аз замони ҷорӣ шудани назорати қатъии бойторӣ нисбати маҳсулоти қирғизӣ, коҳиши воридот ва интиқоли он мушоҳида мешавад.

Қайд мешавад, ки аз замони шурӯъ шудани назорати қатъии фитосанитарӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ 117 мошини борбар ва дар маҷмуъ 821,4 тон маҳсулот тафтиш ва аз ин шумор бештар аз 105 тон баргардонида шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вазъ дар марзи Қазоқистону Қирғизистон баъди ҳамлаи лафзии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳукуматдорони Қазоқистон бад шуд.