Президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро шарҳ дод.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Отунбоева имрӯз гуфтааст, онҳое, ки аз бекорсозии дахлнопазирӣ ва мақоми президентии пешини Отамбоев ба тааҷҷуб омадаанд, фаромӯш сохтаанд, ки "чӣ гуна ба таври содаву осон дахлнопазирии вакилӣ сарфи назар шуда буд, чӣ гуна вакилонро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор сохтанд ва бидуни ризоияти порлумон ҳабс намуданд".
"Тақрибан ҳамаи талабҳо дар мавриди парокандасозии порлумон ба он хотир садо медоданд, ки миёни шохаи қонунгузорро шикананд ва онро мутеи президент гардонанд. Ҳамаи ин ба тарсу шудани порлумон оварда расонад", - гуфтааст Отунбоева.
Гуфта мешавад, Отунбоева ҳамзамон аз он изҳори таассуф кардааст, ки додситонии кул "ҳанӯз" таъқибҳо ва фишорҳои замони президентии Отамбоевро тафтишу тасдиқ накардааст.
Қобили зикр аст, ки порлумони он кишвар рӯзи 27 июн Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президентии пешин маҳрум кард. Ин тасмим ба мақомоти қудратӣ иҷозат медиҳад, ки Отамбоевро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Алмосбек Отамбоев бовар дорад, ҳукумати кунунии кишвараш ба ин тартиб мехоҳад, рақиби сиёсиашро маҳв созад.