Дар шаҳри Ашқобод шумори онҳое афзоиш ёфта, ки бо нишонаҳои коронавирус ба бемористон муроҷиат мекунанд. Ташхиси ҳамаи онҳо "илтиҳоби шуш" гузошта мешавад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номашон иттилоъ додаанд, ки рӯзона дар бемористонҳои пойтахти ин кишвар даҳҳо нафар ҷон медиҳад.
Як сокини Ашқобод гуфтааст, бемористони рақами 1-и пойтахт ҳоло пур аз бемор шуда, вазъ дар онҷо хеле нигаронкунанда аст.
"Дар онҷо танҳо мубталоён ба коронавирусро қабул мекунанд. Бемористон "лабрез" шудааст. Ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ташхиси илтиҳоби шуш гузошта мешавад", - иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳама рӯза дар ин бемористон даҳҳо одам ҷон медиҳад. "Дар бахши терапияи интенсивӣ ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 кас мефавтад. Теъдоди фавту муроҷиаткунандаҳо одамро ба ҳайрат мегузорад. Кормандони бахши эҳёгарӣ ҳатто наметавонанд ҷасадҳоро сари вақт ба сардхона интиқол диҳанд", - изҳор доштааст сокини пойтахти Туркманистон.
Дар ҳамин ҳол хабар додаанд, ки дар беморхонаи "Роҳи оҳан"-и Ашқобод халтаҳои пластикӣ барои ҷасади онҳое, ки бар асари вирус фавтидаанд, намерасад, зеро ниҳодҳои дахлдори давлатӣ сари вақт бемористонро бо халтаҳои мазкур наметавонанд таъмин кунанд.
Талошҳои хабаргузорӣ барои дарёфти назари масъулони бемористонҳои рақами 1 ва "Роҳи оҳан"-и Ашқобод дар ин бора бенатиҷа анҷом ёфтаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.