Дастгоҳи шаҳрдории Тошканд моҳи майи соли равон бо баргузории озмуне 4965 акси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба маблағи 999 млн сӯм (зиёда аз $96,4 ҳазор) харидорӣ намудааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи харидҳои давлатӣ дар Узбекистон, таҳиягари аксҳо ширкати Kolorpak эълом шудааст.
Гуфта мешавад, ширкат барои фармоишгар ду навъи акс - 2894 дона акси 59×71- сантиметрӣ (ҳар кадоме 200 ҳазор сӯм ё $19) ва 2071 донаи дигар ба андозаи 49×42 сантиметр (ҳар кадоме 140 ҳазор сӯм ё $13,5) омода мекард.
Бо такя ба маълумоти сомонаи Gazeta.uz қайд мешавад, ки Kolorpak қаблан низ дар озмуни нашри 6 миллион дона китоби дарсии "Тарбия" ва 2 миллион китоби дарсии дигар баранда эълом шуда буд. Ширкати мазкур қарордоди нашри китобҳои дарсиро дувуним моҳ пеш аз оғози соли нави хониш ба даст оварда, созишномаҳо бо нашриётҳои дигар тағйир дода шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки Раёсати умури президент ва ҳукумати Қирғизистон ҳам соли 2018 хабар дода буд, ки 800 дона акси расмии президент Соронбой Ҷеенбековро чоп кардааст. Ҳар як акс беш аз ҳафтдолларӣ нашр шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.