Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон раисии порлумони ин кишвар - Халқ Маслаҳатиро соҳиб шуд. Маросими эъломи раиси нави порлумон рӯзи 14 апрел баргузор гардид, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад
Бердимуҳаммадов дар нахустин ҷаласаи порлумон шахсан эълом кардааст, ки вай раиси Халқ Маслаҳатӣ таъйин шудааст.
Пештар аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки ӯ узви порлумони Туркманистон интихоб шудааст.
Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, Бердимуҳаммадов ҳамзамон ҳам раиси ҳокимияти қонунгузор ва ҳам раиси ҳокимияти иҷроияи Туркманистон шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.
Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1 март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки "барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ" 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.
Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд.
Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазир ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳукумат барои идомаи сохтмони “Роғун” 200 млн сомонии иловагӣ равона мекунад
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста