Муовини раиси Палатаи қонунгузори Олий Маҷлис, пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» Алишер Қодиров аз пешниҳоди ҷорӣ намудани ваксингирии ҳатмӣ аз коронавирус дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ намуд.
Ба гуфтаи вакил, корфармо ваксингириии кормандонро аз коронавирус ҳатмӣ карда метавонад, то ки фаъолияти муътадили ҳайати шахсиро таъмин созад, хабар медиҳад Centralasian.org.
Барои асосноккунии ин нуқтаи назар Қодиров ба моддаи 212 Кодекси меҳнати Ӯзбекистон такя мекунад.
“Ваксингирии шумо ҳатмӣ нест. Лекин ҳукумат, ки барои таъмини амният масъули асосӣ аст, бояд баҳри таъмини бехатарии эпидемиологӣ, нисбати шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, маҳдудият ҷорӣ намояд”, - навиштааст ӯ дар шабакаи Telegram-и худ.
Ба гуфтаи Қодиров, ҳар як ӯзбекистонӣ набояд фаромӯш созад, ки “шаҳрванди озод аст, лекин назди ҷомеа уҳдадориҳо дорад”.
“Айни замон роҳи ягонаи боздошти вирус ваксинагирӣ аст, аз ин рӯ, мо бояд пеш аз ҳама барои бехатарии худ ва наздиконамон, инчунин шахсони гирду атрофамон ваксина гирем”, - изҳор доштааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 26 июн пешвои ҳизби «Миллий тикланиш» эълом дошт, ки ӯ аз ваксинаи ZF-UZ-VAC2001-и истеҳсоли Ӯзбекистону Чин эм гирифтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.