Дар Ӯзбекистон маълумот дар бораи ҳузур доштани Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигар пешвоёни афғонро дар ин кишвар рад карданд, иттилоъ дод Рodrobno.uz. Маълумотро дар ин хусус хабаргузории назди ВКХ Ӯзбекистон” - “Дунё” нашр кард.
“Ахиран дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳое нашр мешаванд, ки гӯё бархе аз ходимон ва роҳбарони гурӯҳҳои этникии Афғонистон дар қаламрави Ӯзбекистон мебошанд. Аз ҷумла, аз Ашраф Ғанӣ, Абдурашид Дӯстум, Ато Муҳаммади Нур ва дигарон ном бурда мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, ин гуна хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”, - омадааст дар хабар.
Қаблан чанде аз ВАО-и Русия хабар доданд, ки ходими низомӣ ва сиёсии ӯзбектабори афғон маршал Абдурашид Дӯстум ҳамроҳи як гурӯҳ ҳарбиён дар қаламрави Ӯзбекистон қарор дошта, бо мақомоти кишвар гуфтушунид доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.