Дар Ӯзбекистон мақомоти судӣ аз муҷозоати ҷавоне, ки дар вақти тӯй ба сари арӯс мушта бардошта буд, даст кашид, зеро арӯс аз даъвояш гузашта, аризаашро бозпас гирифтааст, хабар медиҳад Газета.uz.
Дар мурофиаи маъмурӣ мард узр пурсида, ваъда додааст, ки ин амал дигар такрор намешавад.
"Худамро дошта натавонистам, дастам ногаҳон рафт. Нофаҳмӣ байни мо бартараф шуда, тӯй идома ёфт. Ман аз арӯс узр пурсидам. Ин амал дигар такрор намешавад”, - гуфтааст домод.
Модари духтар тасдиқ намудааст, ки домодаш узр пурсидааст. Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки тӯй пас аз узрпурсиҳо аз ҷониби наздикону хешовандони домод идома ёфтааст.
Қобили зикр аст, ки пас аз нашри навори видео мақомоти пулис нисбати мард бо моддаи “Майдаавбошӣ” парвандаи маъмурӣ боз карда буд, ки тибқи ин модда ба ӯ ҷазои то 15 шабонарӯз ҳабс ё ҷарима таъин шуда метавонист.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои як тӯй дар Ӯзбекистон нашр шуд, ки навхонадорон дар озмун иштирок доштанд. Дар ин озмун арӯс ғолиб омада, ин кор ба домод маъқул намешавад ва ҷавон дар ғазаб шуда, ба пушти гардани арӯс сахт зарба мезанад. Ин навор сарусадои зиёде ба бор оварда, онро натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷи кишвар баррасӣ ва дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш доданд.