Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иштирокчиёни эҳтимолии табаддулоти давлатиро боздошт мекунад. Дар ин бора ба Kaktus.media манбаъҳои худӣ хабар додаанд.

Ба иттилои нашрия, боздоштҳо рӯзи 5 июн сурат гирифтаанд.

“Маълум аст, ки як гурӯҳи шахсон ба гирифтани ҳокимият бо роҳи зӯрӣ омодагӣ мегирифтанд, иштирокиёни фаъол боздошт шуда истодаанд”, - хабар додааст манбаи нашрия.

Аммо ӯ аз ифшои ному насаби фаъолон ва ҳаммаслакони табадуллоти давлатии эҳтимолӣ ва инчунин ба кадом сиёсатмадор марбут будани он маълумот надодааст.

Дар бораи боздошти ҳадди ақал 10 нафар хабар дода мешавад.

Мақомот ин масъаларо ҳоло расман шарҳ намедиҳанд. Лекин далели боздоштҳо бо сабтҳои видеои дар шабака нашргардида тасдиқ мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи 20 соли ахир ҳокимият дар Қирғизистон се маротиба бо роҳи зӯроварӣ иваз шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.