Блогерони Ӯзбекистон аз 1-уми январи соли равон ба монанди соҳибкорони дигари ин кишвар андоз месупоранд. Дар ин бора сомонаи centralasian.org хабар медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, блогероне, ки ҳаҷми даромадашон аз 1 миллион сӯм бештар аст, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд андоз супоранд.
Пардохти андоз барои блогерон дар Ӯзбекистон дар пасманзари ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудани як қатор блогерону фаъолони маданӣ бо гумони “таҳқир”-у “дуздӣ” ҳатмӣ мешавад.
Мақомоти Ӯзбекистон пайваста таъкид кардаанд, ки блогерон барои фаъолияти ғайриҳирфаӣ ва ҷиноятҳои моливу иқтисодӣ зиндонӣ шуданд. Блогерони Ӯзбекистон зикр намудаанд, ки қоидаи нав боиси боз ҳам маҳдудтар шудани озодии баён дар ин кишвар хоҳад шуд.
“Ба гуфтаи блогери ӯзбекистонӣ Зафар Солиҷонов, ҳукумати кишвараш, ки ҳаҷми даромади блогерҳоро мехоҳад назорат кунаду аз он бохабар аст, бояд маълумот дар бораи даромади мансабдоронро низ расонаӣ кунад, то маълум шавад, ки харҷи онҳо бо даромадҳояшон то куҷо баробар аст”, - менависад ин расона.
Пардохти андоз барои блогерон дар Ӯзбекистон баъди Тоҷикистон ҷорӣ шуд. Тоҷикистон соли 2020 блогеронро водор сохт, ки худро дар Кумитаи андоз ба қайд гиранд ва андоз пардохт намоянд.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи андоз, то 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон 82 шахсии ҳуқуқие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорӣ ба сифати блогер машғул аст, ба қайд гирифта шудааст.
Даромади онҳо дар зарфи 6 моҳи соли 2023 бошад 10 млн сомонӣ (ҳудуди 918 ҳазор доллар)-ро ташкил додааст. Аз ҳисоби ин даромад ба буҷети кишвар 1,2 млн сомонӣ (110 ҳазор доллар) ворид шудааст.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста