Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохтаи тоҷик баландтарин ҷоизаи адабии кишвар -Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт. Ҷоизаро дирӯз, 5-уми сентябр дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ӯ супориданд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз лаҳзаи супоридани ҷоиза мечархад, дида мешавад, ки ҷоизаро Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робита ба ҷомеа мусупорад ва таъкид мекунад, ки “ифтихорманд ҳастам, ки ин ҷоизаро ман месупорам”.
Далер Назаров ҳамроҳи 7 таҳиякунандаи филми “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов сазовори ин ҷоиза шуд.
Дирӯз, дар Иттифоқи нависандагон ҳамчунин ба дигар таҳкиякунандагони ин филм:
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон
Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик
Зулфия Содиқова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон
Георгий Дзалаев, суратгир ва наворбадор
Нисо (Надежда) Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театру синамо
Абдукарим Машрабов, ҳунарпеша ва роҳбари театри Лоҳутӣ
ҷоизаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ супорида шуд.
Коргардони филм Носир Саидов рӯзи 29-уми август аз дасти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҷоизаро гирифта буд.
Ба ғайр аз 8 таҳиягарони филми “Роҳ”, инчунин, дар самти адабиёт шоир, Рустами Ваҳҳоб, нависанда Равшани Махсумзод ва адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов, дар самти муҳаққиқӣ Ҷӯрахон Обидпур, корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва дар самти меъморӣ Азизиён Самӣ, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ гардиданд.
Баҳси додани унвони давлатӣ ба Далер Назаров солҳост, ки идома дошт. Чандин маротиба гурӯҳе аз санъаткорону фарҳангиёни кишвар пешниҳод карда буданд, ки ба ӯ ҷоизаи давлатӣ диҳанд. Гуфтугузорҳо ҳам буд, ки ӯ дар “рӯйхати сиёҳ” аст, аз ин рӯ, ба ҳеҷ ҷоизаи давлатӣ сарфароз намешавад.
Вале чандин маротиба ҳам масъулини Вазорати фарҳанги кишвар, аз ҷумла вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфта буд, ки “барои ӯ ҳеҷ монеа ва маҳдудияте барои гирифтани мукофоти давлатӣ мавҷуд нест”.
Вазир таъкид намуд, ки барои гирифтани мукофоти давлатӣ расмиёти қонун бояд иҷро шаваду пешниҳодҳо метавонанд аз сатҳи ноҳи ва ю вилоятҳо ироа гарданд.
Худи Далер Назаров борҳо дар суҳбату мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки ба ӯ ҳеҷ унвон лозим нест, зеро муҳаббати мухлисон барояш унвон мебошад.
“Замоне дар куҷое ҳам атрофи ҳамин савол баҳс карда буданд ва ман мегӯям, ки мусиқӣ барои ман кор нест, балки зиндагӣ, муҳаббат ва истироҳати ман аст. Чаро барои коре, ки ман аз иҷрои он лаззат мебарам, мукофотам бидиҳанд? Ин ҳам мисли онест, ки барои нафаскашӣ ба ман мукофот медиҳанд”, - изҳор дошта буд дар яке аз навиштаҳояш Далер Назаров.
Бояд гуфт, ки ду рӯз пас - 8-уми сентябр ин овозхони машҳури тоҷик 65-сола мешавад. Ӯ соли 1959 дар ВМКБ дар оилаи вазири фарҳанги пешин Меҳрубон Назаров дида ба олам кушодааст.
«Сарви хиромон», «Агар ба гулшан», «Нозукбадан», «Гули бодом дорам», «Ҷон-ҷон», «Суруди некӣ», «Ҷони азизам», «Агар он турки шерозӣ», «Дар фироқи ҷонон», «Зебо ба зебо», «Таронаи дил», «Аз шаршараи мўят», «Духтари деҳқон», «Андулаки лабшакар», «Най», «Маҷнунам кардӣ», «Ёдато» барин таронаҳояш ба сурудҳои мардумӣ табдил ёфта, берун аз Тоҷикистон ҳам садо медиҳанд. Номи ин ҳунарманд берун аз ҳудуди Тоҷикистон ни машҳур аст.
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”
Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст
Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?
Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми "Формати Маскав" вориди Русия шуд
Чӣ гуна «Душанбе Сити Бонк» шуморо аз қаллобон ҳимоя мекунад?
Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб
Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста