Имрӯз, 29-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ба се шоир унвони Шоири халқии Тоҷикистон ба як нависанда унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ба як ҳунарпеша унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дод.
Хадамоти матбуотии президент менависад, ки раисҷумҳур ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супорид.
Аз ҷумла, Давлат Сафар, шоир ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, Хайрандеш, шоири бачагона ва Ҷумъа Қувват, шоири музофотӣ унвони Шоири халқии Тоҷикистонро соҳиб шуданд.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навишт, ки имсол танҳо як нафар, соҳиби унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон шуд.
Аз Иттифоқи нависандагон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Мирзо Шукурзода унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст. Худи нависанда низ дар суҳба ба “Азия-Плюс” инро тасдиқ кард.
Аммо Вазорати фарҳанги кишвар эълон кард, ки Темур Зулфиқоров унвони Нависандаи халқии Тоҷикистонро гирифтааст.
Ҳамин тавр, маълум нест, ки имсол мушаххасан чанд нависанда унвони ҳалқӣ гирифтаанд.
Ба Исматулло Холиқов, сароянда ва оҳангсоз унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон тақдим гардид.
Ҳамчунин, чанде аз адибону зиёиён ба ҷоизаи адабии давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор шуданд. Дар самти адабиёт шоир, Рустами Ваҳҳоб, нависанда Равшани Махсумзод ва адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов соҳиби ҷоизаи Рӯдакӣ гардиданд.
Дар бахши синамо Носир Саид, коргардони тоҷик ва директори Телевизиони “Сафина” ҷоизаи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро соҳиб шуд.
Ҷӯрахон Обидпур, корманди Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар самти муҳаққиқӣ ва журналистика соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.
Ҷоизаи Рӯдакӣ дар самти меъморӣ бошад, ба сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ Солӣ дода шуд.
Чаҳор нафари дигар, овозхон Тоҷиддин Раҳимов, раққос Мирзо Сатторов, навозанда Абдураҳмон Мадхолов ва Турсунзода Сайёдхон унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон гирифтанд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста