Сиёсати сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ дар қолаби сиёсати роҳбурдии чандҷонибгароӣ ва иқтисодмеҳвар, ки ҳоло дар бисёре аз минтақаҳо, ба вижа Осиёи Марказӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст, боиси рушди муносиботи дипломатӣ ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин минтақа шудааст. Дар чорчӯби ин сиёсат Ҳинд роҳбурд ва аҳдофи муҳимаш дар Осиёи Марказиро таъриф кардааст, ки умдатан хусусияти иқтисодӣ дорад.
Ҳукумати нави Ҳиндустон бо роҳбарии Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои муҳими иқтисодӣ роҳкорҳои муҳими дипломатиро барои тақвияти равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ месозад. Дар чорчӯби иқдомҳои дипломатӣ нахустин мулоқоти Нарендра Модӣ бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд сол қабл доир гашт.
Дар мулоқот самтҳои нави ҳамкории Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян шуд. Ҳинд ҳавасмандии худро барои густариши равобити иқтисодӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати дорусозӣ, эҷоди долони ҳамлу нақл изҳор дошт. Нарендра Модӣ аҳдоф ва стратегияи Ҳинд дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро баён намуда, аз ҷумла гуфт: “Дар маркази дидгоҳи Ҳинд сиёсати ҳамгироӣ ва босубот қарор дорад. Нигаронӣ ва мавзӯоти мо дар хусуси амнияти минтақа якест. Ҳамаи мо нигарони таҳаввулоти Афғонистон вобаста ба мавзӯи терроризм ҳастем. Ҳамкорӣ байни Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои субот ва амнияти минтақа бисёр муҳим шудааст”.
Ҳинд бар асоси ин таърифи сиёсати хориҷии Ҳинд дар Осиёи Марказӣ зери шиори “пайванд бо Осиёи Марказӣ” дунболи густариши равобити иқтисодӣ бо минтақаи мазкур аст.
Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ барои Ҳинд дорад ва ин кишвар барои роҳёбӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишварҳо сармоягузорӣ мекунад. Яке аз авомиле, ки Ҳиндро водор ба густариши равобити иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна мекунад, мавҷуд будани зехираҳои бузурги табиӣ, ба вижа манобеи энергетикӣ мебошад. Нафт, барқ, газ ва бозорҳои бузург, захираи неруҳои инсонӣ ва ғайра омили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба аст. Бо ин далел, Ҳинд дар бахшҳои муҳим, аз ҷумла сармоягузорӣ дар истихроҷи нафт, газ, неругоҳҳои обӣ, соҳаи фарҳангу маориф ва бозсозии роҳҳоро оғоз кардааст.
Аввалин бор санади ҷомеътар, ки сиёсати хориҷии Ҳинд дар муқобили кишаврҳои Осиёи Марказиро таъриф мекард, 12 январи соли 2012 дар Бишкеки Қирғизистон аз тарафи Вазорати хориҷаи Ҳинд муаррифӣ шуда буд. Дар ин санад таъкид шуда буд, ки “ҳамкории мақомоти ҳиндӣ бо ҳамтоёни хеш дар тамоми сатҳҳо, аз сатҳи сарон то сойири мақомот дар фурсатҳои пешорӯ дар дастури кори давлат хоҳад буд. Ҳинд равобит ва муносибати роҳбурдӣ ва амниятии хеш бо кишварҳои Осиёи Марказиро мустаҳкам хоҳад намуд. Ҳинд Осиёи Марказиро ба унвони шарики дарозмуддати хеш дар ҳавзаи энергетика ва захираҳои табиӣ мебинад. Бар иловаи он, Осиёи Марказӣ дорои заминҳои кишоварзии васеъ ва мусоид аст, ки зарфиятҳои муносибе ҷиҳати ҳамкории Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи тавлиди ғалладона мебошад”. Тибқи ин санад Ҳинд дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаҳои ёдшуда сармоягузориро оғоз кард. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар ҳоли рушди иқтисодӣ қарор доранд, ба сармоягузориҳои бузург ниёзманданд, то иқтисоди рокиди хешро мутаҳаввил кунанд. Ҳинд дар ин замина, бо таърифи сиёсати ҷадиди хориҷиаш дар муқобили кишварҳои Осиёи Марказӣ сигноли мусбат ба ҳама кишварҳо нишон дод.
Ҳинд сатҳи равобити дипломатиаш бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар форматҳои мухталифи гуфтугӯ танзим кардааст. Мулоқоти давра ба давраи сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, мулоқоти давра ба давраи вазирони хориҷаи кишварҳои мазкур баёнгари тақвият ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодии Ҳинд бо кишварҳои минтақа аст.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки сиёсати ҳукумати нави Ҳинд иқтисодмеҳвар аст. Ҳинд талош мекунад, дар сиёсати ҷадидаш бо меҳвар қарор додани сиёсатҳои иқтисодӣ аз низоъ ва ҷанҷолҳои байналмилалӣ худро дур нигаҳ дорад. Ин тамоюли сиёсати хориҷии Ҳинд боис ба ҳусни ният ва эътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст, ки дарҳои музокира ва гуфтугӯро боз кардаанд. Ин сиёсат, ҳатто Туркманистонро, ки сиёсати “бетарафона” –и хориҷиро пеш мебарад, ташвиқ кардааст, ки бо Ҳинд равобиташро тақвият намояд.
Ҳинд пас аз пайвастан бо Созмони ҳамкориҳои Шанхай имконияти нав касб кард, ки ҳарчи бештар равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказиро тақвият диҳад. Бинобар ин, дар қолаби формати ин созмон гуфтугӯ ва муносибатҳои дипломатиашро пеш мебарад. Узвият ба ин созмон имкон дод, ки Ҳинд дар заминаи мубориза бо терроризм ва ҳамкориҳои низомӣ низ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ робита барқарор кунад.
Сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ барномаҳои мутаҳаввилкунандаи иқтисодмеҳвар дорад ва ин барнома эъҷоб мекунад, ки сиёсатҳои ҷадидеро дар муносибат бо кишварҳои хориҷӣ пеша намояд. Агарчи баъзе монеаҳо дар муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешорӯи Ҳинд қарор дорад, вале ин саддҳоро Ҳинд мехоҳад бишканад ва ба аҳдофи муҳими иқтисодӣ дар минтақа даст пайдо кунад. Ҳинд бо тарҳ намудани дипломатияи нарми иқтисодмеҳвар заминаи гуфтугӯ ва ҳамгироӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардааст. Як иқдоми дигари Ҳинд дар заминаи тақвияти равобит созмон додани Шӯрои тиҷорат аст, ки равобити дуҷониба ва чандҷонибаи ин кишвар бо кишварҳои Осиёи Марказиро танзим мекунад.
Феълан равобити сиёсӣ ва иқтисодии Ҳинд дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла мулоқоти сарони кишварҳо, мулоқоти вазирони корҳои хориҷа, комиссияҳои байнидавлатӣ, мулоқоти ҳайатҳои корӣ ба роҳ монда шудааст. Нахустин мулоқоти Вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазири хориҷаи Ҳинд чанд сол қабл баргузор шуд, ки самти нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ дар он таъриф шуд.
Ҳинд ҳоло бо панҷ кишвари Осиёи Миёна – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба, аз ҷумла дар формати Созмони ҳамкориҳои Шанхай дорад. Ҳинд пас аз ин ки узви доимамалкунандаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай шуд, имкон ба даст овард, ки дар чорчӯби ин созмон ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳатто низомиаш ба ин кишварҳоро густариш диҳад. Барои нахустин бор дар чорчӯби ин созмон Ҳинд размоишҳои ба нақша гирифтаи низомиро, дар доираи тамриноти неруҳои низомии аъзои созмон баргузор кард.
Сиёсати иқтисодмеҳвари Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ боиси барномарезӣ ҷиҳати рушди зерсохтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари Осиёи Марказӣ шуда, дар ин замина Ҳинд барномаҳои мухталифро мехоҳад амалӣ созад. Таваҷҷуҳи Ҳинд илова ба равобити истиқодӣ, дар самтҳои фарҳангу маориф низ қобили зикр аст. Ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба дар соҳаи маориф бо аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаи назаррас доштааст. Солона ҳазорҳо бурсияи таҳсилии ройгон барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷудо мешавад. Ҳамчунин, ҳазорҳо донишҷӯёни ҳиндӣ барои омӯзиш ба донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунанд. Тарҳи иҷроии таъсиси донишгоҳе дар Бишкек, ки ташаббускори асосиаш Ҳинд аст, боризтарин намунаи ҳамкориҳои Ҳинд дар соҳаи маориф мебошад. Дар маҷмуъ, Ҳинд бо аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити ҳасанаи иқтисодиву сиёсӣ ва ҳатто низомӣ дорад, ки мо дар зер ҳар яки онро тавзеҳ медиҳем:
Тоҷикистон. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти стротегии Тоҷикистон Нарендра Модӣ соли 2015 ба ин кишвар сафар кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ сафари корӣ дар соли 2016 ба Ҳинд анҷом дод. Тоҷикистон дар меҳвари муносибатҳои Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад ва Ҳинд дар талоши ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо ин кишвар аст. Равобити Ҳинд бо Тоҷикистон аз оғози истиқлол сирфан моҳияти иқтисодиву фарҳангӣ доштааст.
Ин нукта ҳам қобили қайд аст, ки Ҳинд сармоягузориҳои муассире дар Тоҷикистон анҷом додааст. Бозсозии Нерӯгоҳи обии “Варзоб”, бозсозии фурудгоҳи низомии Айнӣ, кӯмакҳои бебозгашти башардӯстона, сармоягузорӣ дар бахши маориф, ба вижа ҷудо намудани бурсияҳои ройгони омӯзишӣ аз иқдомҳои Ҳинд дар Тоҷикистон аст.
Илова бар ин, дар соли 2016 Ҳинд дар 37 мадрасаи тоҷик маркази омӯзишии компютерӣ ташкил намуд.
Мубодилоти тиҷоратии ду кишвар аз 37 млн дар соли 2007 ба 50,91 миллион доллар дар соли 2023 афзоиш доштааст. Ҳаммарз будани Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз муҳимтарин омилҳои наздик шудани Ҳинд бо ин кишвар аст.
Аз ҷониби дигар, Ҳинд, ки дар пайи густариши Бандари Чобаҳор ва пайванди минтақаи Осиёи Марказӣ бо Ҳинд аст, Тоҷикистон дарин росто аҳамияти роҳбурдӣ дорад. Манобеи бузурги гидроэнергетикӣ низ яке аз омилҳои идомаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар хоҳад шуд.
Қазоқистон. Ин кишвар бузургтарин шарики тиҷоратиии Ҳинд дар Осиёи Марказӣ аст. Ҳаҷми мубодилоти тиҷоратии ин кишвар бо Ҳинд дар соли 2016 ба 618 млн доллар баробар шуд.
Тарҳи ҳамкорӣ дар заминаи барномаи долони шимол-ҷануб, ки ҳадафаш баҳрабардорӣ аз нафти дарёи Хазар аст, дар дастури кории ду кишвар қарор дорад. Дар замони сарвазирии Нарендра Модӣ мулоқотҳои дуҷонибаи сарони ду кишвар борҳо доир шуд.
Дар масъалаи муқобила бо терроризм аввалин иқтимодоти муштараки ду кишвар дар соли 2016 баргузор гардид. Гуруҳи омӯзишии низомии сайёри Ҳинд давраи омӯзиши ҷанги кӯҳистонӣ ва амалиёти саҳроӣ барои неруҳои мусаллаҳи қазоқ баргузор намуд. Як воҳиди низомии Ҳинд дар машқҳои низомии Қазоқистон дар соли 2016 ширкат кард.
Барои аввалин бор дар соли 2016 Қазоқистон ба Ҳинд ҳазор тона уран содир кард. Қарордоди содироти уран ба Ҳинд дар соли 2015 имзо шуда буд.
Ҳамчунин, ширкатҳои сайёҳии Ҳинд ва Қазоқистон барои табодули таҷриба барномаҳои муштараки корӣ доир карданд. 9 ширкати дорусозии Қазоқистон дар намоишгоҳи маҳсулоти дорувории Ҳинд ширкат намуданд. Дар маҷмуъ, равобити иқтисодии Ҳинд бо Қазоқистон дар самти истихроҷи нафт, уран, сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дорусозӣ дар ҳоли густариш аст.
Қирғизистон. Нерандра Модӣ дар соли 2015 ба ин кишвар сафари корӣ анҷом дод ва баъди ин сафар равобити сиёсӣ ва иқтисодии ду кишвар тақвият шуд. Дар соли 2017 ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ байни ду кишвар 1,79 млн – ро ташкил дод. Дар мулоқоти сарони ду кишвар дар соли 2016 тафоҳумнома байни онҳо перомуни ҳамкорӣ дар ҳавзаи кишоварзӣ, сайёҳӣ, ҳамкории расонаҳо, омӯзиши дипломатӣ ва ҳамкориҳои низомӣ имзо шуд.
Дар соли 2016 бар асоси барномаҳои кӯмакии Ҳинд ду маркази технологияи иттилоотӣ дар маркази низомии Қирғизистон эҷод шуд. Машқҳои низомии муштараки ду кишвар ба номи “Ханҷар- 3” дар Ҳинд ва баъд “Ханҷар-4” дар Қирғизистон баргузор гардид. Ҳамчунин мулоқотҳои дуҷонибаи мақомоти ду кишвар дар самти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва маориф баргузор гардид. Бурсияҳои таҳсилии Ҳинд барои донишҷӯёни қирғиз яке аз намунаҳои ҳамкории муассири ду кишвар дар самти маориф мебошад.
Туркманистон. Дар нахустин сафари Нарендра Модӣ дар соли 2015 ба Туркманистон тафоҳумномаҳои муҳим ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши дифоӣ, маҳсулоти химиявӣ, маориф, технология, варзиш, сайёҳӣ ва саноати дорусозӣ имзо шуд. Маҷмуи содироти Ҳинд ба Туркманистон дар соли 2016 ба 66,30 млн афзоиш ёфт.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Туркманистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳинд санади лоиҳаи тарҳи ТОПИ – интиқоли гази Туркманистон ба кишварҳои мазкурро имзо карданд. Ҳинд дар доираи ин тарҳ хоҳони интиқоли гази Туркманистон аст.
Ҳинд барои донишҷӯёни туркман ҳар сол бурсияҳои омӯзишӣ фароҳам мекунад. Ҳамчунин, донишҷӯёни Ҳинд низ дар Туркманистон таҳсил мекунанд.
Ӯзбекистон. Нерандра Модӣ соли 2015 ба ин кишвар сафар кард. Ҳамчунин, дар соли 2016 дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай иштирок ва бо президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов мулоқот кард. Ҳайатҳои тиҷоратии Ҳинд дар намоишгоҳҳои байналмилалии Тошканд ширкат намуданд. Маҷмӯи содироти Ҳинд ба Ӯзбекистон дар соли 2016 ба 318 млн баробар шуд. Ӯзбекистон ба сабаби доштани захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳинд қарор дорад.
Яке аз барномаҳои калони иқтисодии Ҳинд дар Осиёи Марказӣ фаъол намудани долони шимол-ҷануб аст. Дар доираи ин тарҳ Ҳинд бандари Чобаҳорро густариш медиҳад ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иртибот бо ин бандар аз тариқи Афғонистон ва Эрон барномарезӣ кардаанд. Ҳинд мехоҳад аз тариқи Бандари “Чобаҳор”, ки Осиёи Марказиро ба воситаи Афғонистону Эрон бо Ҳинд васл мекунад, роҳҳои транзитӣ эҷод кунад, то ба бозорҳои Осиёи Марказӣ роҳ ёбад.
Дар ин замина Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Туркманистону Ӯзбекистон шарикони роҳбурдӣ ҳисоб меёбанд. Дар робита ба тарҳи Бандари Чобаҳор тадбирҳои муҳим дар тӯли солҳо амалӣ шуд. Масалан, бозсозии роҳи оҳани Чобаҳор - Зоҳидон, роҳи оҳани Ҳирот - Мазори Шариф низ ҷузъи тарҳҳоест, ки дар ҷиҳати роҳёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Бандари Чобаҳор ва дар ниҳоят ба Ҳинд тарҳрезӣ шудааст. Ин тарҳ кишварҳои Осиёи Марказиро нафақат ба Ҳинд, балки ба обҳои гарм низ васл мекунад. Аз ин ҷост, ки Нарендра Модӣ дар мулоқот бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ даъват кард, ки дар густариши бандари мазкур ширкат намоянд.
Кишвари Ҳинд барои густариши ҳавзаи нуфуз, таъмини ниёзҳои иҷтимоии ҷамъияти рӯ ба рушди худ, таъмини неруи барқ, ба даст овардани ашёи хом ва ғайра ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад. Дар муқобил кишварҳои Осиёи Марказӣ низ барои пиёда намудани сиёсати чандҷонибгароӣ ба ҷалби сармояи Ҳинд ҳавасманд мебошанд.
Бо ин далел, Ҳинд барои амалӣ намудани тарҳҳои калони иқтисодиаш ба афзоиши содирот, коҳиши фақр, рушди иқтисодӣ, маводи аввалияи хом, энергетика ва бозорҳои Осиёи Марказӣ ниёз дорад. Дар робита ба масъалаи густариши равобити Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Миёна Баҳована Девӣ, коршиноси масоили Ҳинд дар Лондон мегӯяд, ки “Ҳинд талош мекунад роҳҳои оҳанро аз тариқи Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ғайра барқарор кунад. Ҳамчунин, Ҳинд ба Осиёи Марказӣ, ки дар он Чину Русия бо ҳам аз наздик ҳамкорӣ ва дар айни ҳол рақобат мекунанд, ба унвони як минтақаи муҳим менигарад”.
Дар маҷмӯъ, сайри таҳаввули равобити дипломатии Ҳинд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чанд соли охир нишон медиҳад, ки тақвият ва густариши равобити иқтисодӣ суръат гирифтааст. Сармоягузориҳо дар самтҳои мухталиф, ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо, дастрасӣ ба захираҳои муҳим, аз ҷумлаи урани минтақа ва ғайра баёнгари нақши таъсигузори Ҳинд дар минтақа мебошад.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста