Як зодаи Ӯзбекистон дар куштори чаҳор узви хонаводаи худ, аз ҷумла модараш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико муттаҳам мешавад.

Нашрияи “New York Post” хабар дода, ки ин зодаи 24-солаи Ӯзбекистон 19 июл дар Бруклин модари худ, ҳамсари бародар ва ду ҷиянашро ба қатл расондааст.

Кормандони пулиси Ню-Йорк соати 22:20 ҷасади Мавлуда Файзиеваи 56-сола, модари гумонбарро дар манзили зисташ бо захми корд пайдо кардаанд.

Ҷасади Камилаи 5-сола ва Темури 4-сола, бародарзодаҳои гумонбар аз дохили ҷевон пайдо шудаанд. Ҷасади модари кудакон Мафтуна Ҳакимова низ дар дохили ҷевон будааст.

Гумонбар боздошт шуда, эҳтимол бемории равонӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.